ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА ПОЙГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ SCOPUS ШОМИЛ ШУДААСТ

Имрӯз зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии Scopus (Elsevier) ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи масъулон, ин дастовард барои ҳамгироии бештари донишгоҳ ба фазои ҷаҳонии илм, баланд бардоштани нуфузи байналмилалии он ва густариши фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд қайд кард, ки Scopus яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин пойгоҳҳои байналмилалии маълумоти илмӣ дар ҷаҳон буда, аз ҷониби ширкати Elsevier идора мешавад. Дар ин пойгоҳ маҷаллаҳои илмии эътирофшуда, маводи конференсияҳо, китобҳо ва дигар натиҷаҳои таҳқиқотии олимон муаррифӣ мешаванд. Ба қайд гирифта шудани муассисаи илмӣ ё донишгоҳ дар Scopus нишонаи мутобиқати фаъолияти илмии он ба меъёрҳои байналмилалӣ буда, барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, баланд бардоштани иқтибоснокии корҳои илмӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии муассиса имкониятҳои бештар фароҳам меорад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар раддабандиҳои бонуфузи ҷаҳонии QS ва Times Higher Education World University Rankings низ корҳои омодагӣ ва ҳуҷҷатгузориро идома дода истодааст.

Роҳбарияти донишгоҳ таъкид намуд, ки таҳкими мавқеи байналмилалии муассиса ва рушди фаъолияти илмӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ба шумор меравад.