8 ЛОИҲАИ ИЛМИИ ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО БО МАБЛАҒГУЗОРИИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ АМАЛӢ МЕШАВАНД

Дар нимсолаи якуми соли 2026 олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро фаъолона ба роҳ мондаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Муҷиддин Нуриддин иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 8 лоиҳаи илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯйи 24 мавзӯи илмии кафедраҳо идома доранд. Ҳамчунин, як лоиҳаи илмӣ аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидааст.

Зикр гардид, ки дар донишгоҳ ба омода намудани кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Айни замон 99 нафар дар зинаи аспирантура, 45 нафар дар докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), 74 нафар дар докторантура ва 17 нафар дар зинаи магистратура таҳсил доранд.

Дар маҷмӯъ, дар донишгоҳ 456 нафар ба таҳсил ва фаъолияти илмӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 9 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Сураёи Сироҷиддин

радиои «Тоҷикистон»