Интихоби дурусти касб – заминаи ояндаи дурахшон

Интихоби касб яке аз қадамҳои муҳимтарин ва сарнавиштсози ҳаёти ҳар инсон ба шумор меравад. Ин қарор на танҳо манбаи даромади оянда, балки роҳи худшиносӣ ва камолоти шахсро низ муайян мекунад. Дар шароити рушди босуръати технология масъалаи интихоби касб барои насли ҷавон ба яке аз мавзӯъҳои муҳим ва тақдирсоз табдил ёфтааст.

Коршиносон бар он назаранд, ки интихоби касб набояд тасодуфӣ бошад. Он бояд дар асоси омӯзиши қобилият, шавқу ҳавас ва банақшагирии дуруст сурат гирад.

Малика Мирзомамадова, хатмкунандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Рӯшон, ояндаи касби интихобкардаашро хеле дурахшон мебинад ва ба муваффақияти худ бовар дорад:

«Дар интихоби ин роҳ ҳам хоҳиши дили худам ва ҳам маслиҳату дастгирии волидайни азизам нақши калон доштанд. Ман ояндаи худро ҳамчун омӯзгоре мебинам, ки на танҳо қоидаҳои грамматикаро меомӯзонад, балки дар қалби шогирдон меҳри ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба каломи асилро низ ҷой медиҳад. Касби ман ифтихори ман аст».

Имрӯзҳо баъзе ҷавонон ҳангоми интихоби касб ба фишори атрофиён рӯ ба рӯ мешаванд. Сокини шаҳри Душанбе Ҷилванамо Қурбонмамадова зимни суҳбат иброз дошт, ки вазифаи волидон танҳо роҳнамоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили фарзандон аст:

«Фарзанди ман ҳоло дар риштаи муҳандисӣ таҳсил мекунад. Ман ҳеҷ гоҳ ба ӯ фишор наовардаам. Вақте дидам, ки ӯ ба ҳисобкунӣ, кашидани нақшаҳо ва корҳои техникӣ шавқи зиёд дорад, танҳо дастгирӣ кардам. Интихоби риштаи муҳандисӣ қарори худи ӯ буд ва ман аз ин интихоб хеле шодам».

Вақте ҷавонон касбро бо хоҳишу ҳаваси худ интихоб мекунанд, раванди таҳсил ва азхудкунии дониш барояшон шавқовар ва самаранок мегардад. Онҳо метавонанд дар доираи ихтисоси интихобкардаи худ фаъолият намуда, дар рушди мамлакат саҳм гузоранд.

Ба гуфтаи Муиз Раҳмонбеков, пас аз хатми донишгоҳ пайдо кардани ҷойи кор аз рӯи ихтисос на ҳамеша осон аст:

«Яке аз сабабҳои асосӣ набудани таҷрибаи корӣ мебошад, зеро бисёр корфармоён таҷриба талаб мекунанд. Аз ин рӯ, хатмкунанда бояд дар баробари дониши назариявӣ малакаҳои амалӣ, донистани забонҳои хориҷӣ ва омодагӣ ба мусоҳибаи кориро низ дошта бошад. Бо меҳнат, такмили малака ва ҷустуҷӯи фаъол пайдо кардани кори муносиб осонтар мешавад».

Аксар вақт падару модарон мехоҳанд орзуҳое, ки худ дар ҷавонӣ амалӣ карда натавонистаанд, тавассути фарзандонашон амалӣ созанд. Аз ҳамин сабаб, баъзан ба интихоби касби фарзандон дахолат мекунанд ва ҳатто ба онҳо фишор меоранд.

Равоншинос Марям Давлатова мегӯяд, ки интихоби касб бояд пеш аз ҳама ба хоҳиш ва қобилияти худи фарзанд асос ёбад:

«Интихоби касб яке аз муҳимтарин интихобҳои ҳаёт аст, ки аҳамияташ қариб ба интихоби ҳамсар баробар мебошад. Баъзан одамон дар давоми зиндагӣ чанд маротиба касбашонро иваз мекунанд ва ин ҳам табиӣ аст. Барои интихоби дуруст беҳтар аст, ки волидон бо равоншиноси мактабӣ машварат намоянд. Мутахассис метавонад қобилият, шавқу ҳавас ва имкониятҳои воқеии фарзандро муайян кунад. Агар инсон касби худро дӯст дорад, ҳатто дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо мушкилот, метавонад дар он муваффақ гардад ва ризқу рӯзии худро пайдо кунад. Имрӯз ҳазорҳо ҳуқуқшиноси бекор дорем, зеро бисёре аз онҳо ин касбро аз рӯи шавқу рағбати худ интихоб накардаанд».

Интихоби дурусти касб пайванди орзуҳои инсон, қобилиятҳои ӯ ва ниёзҳои ҷомеа мебошад. Маҳз ҳамин интихоб метавонад заминаи зиндагии муваффақ ва ояндаи дурахшони ҳар як ҷавонро фароҳам оварад.

Паринози Алибердӣ,

коромӯзи шуъбаи мухбирони Радиои Тоҷикистон