Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар маҷмӯъ 22,4 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунии андозӣ ошкор гардид. Қонунвайронкуниҳо асосан ба риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андозӣ, истифода накардани дастгоҳҳои назоратию хазинавӣ ва низоми рамзгузории электронии молҳо, сари вақт тартиб надодани санади муқоисавӣ бо мақомоти андоз ва дигар ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузории андоз вобаста мебошанд. Дар ин бора имрӯз раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда ба маблағи умумии 113 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ҳисоби онҳо ва ҷаримаҳои солҳои қаблӣ зиёда аз 101 миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид шудааст.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 123,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ 17 миллиарду 402,5 миллион сомонӣ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 3 миллиарду 292,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
