Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Президенти Форуми оби Корея

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо Президенти Форуми оби Корея Кюлҳо Квак мулоқот намуд.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар додааст, зимни суҳбат ҷонибҳо мавзуи ҳамкории судмандро бо назардошти чорабиниҳои сатҳи баланд дар соҳаи об, ки соли 2026 дар Душанбе дар назар аст, баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2026 дар Тоҷикистон дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад.