Дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба рушди устувори Резервати биосферии Ромит баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Резервати биосферии Ромит: имкониятҳо барои рушди устувор, илм ва сайёҳии экологӣ» баргузор гардид.

Қисмати ифтитоҳии конференсия бо суханрониҳои намояндагони роҳбарикунандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Академияи миллии илмҳои Точикистон, созмонҳои байналмилалӣ оғоз ёфт. Иштирокчиён доир ба нақши резерватҳои биосферӣ дар рушди устувор, ҳифзи гуногунии биологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мубодилаи афкор анҷом доданд. Дар суханрониҳо аҳамияти Резервати биосферии Ромит ҳамчун минтақаи дорои иқтидори баланди илмӣ, экологӣ ва сайёҳӣ таъкид гардид. Инчунин дар ҷараёни конференсия аз ҷониби иштирокчиён як қатор маърӯзаҳои илмӣ-амалӣ пешниҳод шуданд. Дар идомаи кори ҳамоиш иштирокчиён зимни музокирот ва саволу ҷавобҳо мушкилот ва дурнамои рушди Резервати биосферии Ромитро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба тақвияти ҳамкории байнисоҳавӣ, ҷалби лоиҳаҳои байналмилалӣ ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.

Дар анҷоми конференсия натиҷагирӣ сурат гирифта, таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии илмӣ, таҳкими ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва илмӣ, инчунин пешбурди сиёсати рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим доранд.

О. Шарипова

Радиои «Тоҷикистон»