Муҳлати баррасии ариза барои иваз намудани ному насаб аз ин ба баъд кам карда мешавад. Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони кишвар, ки 2-юми декабр баргузор гардид, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баррасӣ ва тасвиб шуд.
Зимни баррасии ин тарҳи қонун, Музаффар Ашуриён Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки “Тибқи тағйироти мазкур минбаъд ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар дар муддати на дертар аз 1 моҳ аз рӯзи додани ариза бояд баррасӣ шавад”.
Дар баробари ин Музаффар Ашуриён Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идома афзуд, ки “Тағйироти мазкур ба муҳлати дастрас намудани нусхаи аснод аз хориҷи кишвар дахл надорад, зеро дастрас намудани нусхаи сабти аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ берун аз Тоҷикистон муддати зиёдро талаб менамояд. , ки дар натиҷа, риояи муҳлати баррасии ариза аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ халалдор мегардад”.
Қобили зикр аст, ки тибқи омори расмии вазорати адлияи Тоҷикистон Аз рӯи бо вуҷуди он кӣ раванди сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падар дар даҳ моҳи соли 2020 бо сабаби пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 кам шуда бошад ҳам, аммо солҳои қаблӣ шумораи он тамоюли афзоиш доштааст. Аз ҷумла сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падар соли 2018-ум — 38695, соли 2019-ум — 40560 ва дар 10 моҳи соли 2020- ум — 17623 ададро ташкил намуда аст.
Саидов Ш
Радиои “Тоҷикистон”