Ҷумуҳрият – Тоҷикистон дар раддабании шукуфоӣ ду зина боло рафтааст
“Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҶТ дар шумораи рӯзи 2 декабр матлабе бо номи “Пешвои миллат. Вақте дили раҳбар ҳамнавои ватан метапад…” чоп карда ёдовар мешавад, ки 9 декабри соли 2015 дар Маҷлиси Намояндагон қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» тасвиб шуд, ки баъдан 16 ноябри соли 2016 ба қонуни конститутсионӣ табдил шуда, ҳамовозӣ ва истиқболи гарми мардумро ба миён овард.
Ба навиштаи муаллиф, эътирофи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҳамчун рамзи муттаҳидии халқ атрофи ғоя ва андешаҳои ӯ аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб менамояд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре навиштааст, ки соли ҷорӣ дар раддабандии “Шохиси шукуфоии Legatum Institute”(Легитум Институт), ки аз ҷониби Маркази таҳлилии бритониёии The Legatum Institute таҳия мешавад, Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта ду зина боло рафта, мақоми 112-умро касб намуд. Гуфта мешавад, раддабандии мазкур, муҳаққиқон вазъи тандурустӣ, маориф, сифати зиндагии аҳолӣ, фазои сармоягузорӣ ва амсоли инҳоро ба назар мегиранд.
Фредерика Арровсвитз сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Legatum Institute гуфтааст, ки дар Тоҷикистон рушди бесобиқаи сармояи иҷтимоӣ, ки бар пояи муносибатҳои оилавӣ асос меёбад, ба назар мерасад. Ин далели таҳкими риштаҳои хешутаборӣ мебошад, ки омили мазкур сатҳи камбизоатиро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Инчунин таъкид мешавад, дар Тоҷикистон, шароити корхонаҳо ва фазои сармоягузорӣ бамаротиб беҳтар шудаанд.
Садои мардум – муҳлати баррасии ариза барои тағйири ном се баробар кам карда шуд
“Садои мардум”- нашрияи Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи 3 декабр бо нашри матлабе хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири МН ба қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳоро ворид карда шуд.
Тибқи ин тағйирот минбаъд ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар дар муддати на дертар аз 1 моҳ аз рӯзи додани ариза бояд баррасӣ шуда, ҳангоми мавҷудияти сабабҳои узрнок муҳлати баррасӣ намудани чунин ариза ба муҳлати понздаҳ рӯз дароз карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки мутобиқи меъёри амалкунанда муҳлати баррасии ариза аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ се моҳ ва тамдид намудани баррасии он бо сабабҳои узрнок шаш моҳ муқаррар шудааст.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 1 декбар мақолаи талилие таҳти унвони “Нақши Тоҷикистон дар таъсис ва ташаккули СҲШ” чоп кардааст. Дар ин матлаб муаллиф ёдовар шудааст, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ раёсат дар СҲШ аз Россия Тоҷикистон гузашт ва мутаносибан ҷаласаҳои ҷашнии сарони кишварҳои аъзои он соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд. Соли 2021 ба таъсис ёфтани СҲШ 20 сол пур мегардад.
Муаллиф таъкид мекунад, ки Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои ташкилкунандаи ин созмони бонуфуз талош кардааст, ки мақсаду маром ва тасмимҳои созмон мутобиқ ба манфиатҳои миллии кишвар бо ба инобат гирифтани эҳтироми мутақобилаи кишварҳои аъзо бошад. Узвияти Тоҷикистон дар ин созмон шароит фароҳам меорад, ки имкониятҳои иқтисодӣ, транзитӣ ва энергетикиро ба кишварҳои минтақа боз ҳам самаранок муаррифӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманд баҳраманд гардад.
Asia-Plus – чаро нархи билети ҳавопаймо гарон аст?
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар сармақолаи худ сабаби гаронии нархи билети ҳавопаймо барои бозгашт ба Тоҷикистон ва аз кишвар ба хориҷро матраҳ кардааст. Нашрия менависад, ки айни замон нархи билети ҳавопаймои ширкати “Сомон-эйр”барои бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон 395 эвро ё худ 472 доллар аст. Ҳамзамон билети ширкати русии “Уралские авиалинии” аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои мухталифи Русия аз 620 то 886 доллар арзиш дорад.
Ба навиштаи муаллиф яке аз сабабҳои гаронии нархи билет якҷониба будани парвозҳо аст, яъне ҳавопаймо аз як тараф тақрибан холӣ парвоз мекунад. Дар баробари ин масъулини ширкати “Сомон-эйр” гуфтаанд, ки 24 дар сади нархи билет хароҷоти маводи сухт буда, ҳамзамон барои пардохти ҳаққи хизмати фурудгоҳ ва роҳнамоии ҳавонавардӣ(аэронавигатсия) 40 дар сади қимати билет харҷ мешавад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре навиштааст, ки ахиран дар панҷ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба сурати таҷрибавӣ, барномаи электронии “eDonish” роҳандозӣ шудааст. Барномаи мазкур барои тақвияти иртиботи доимӣ миёни муаллифмон, донишомӯзон ва волидайн таҳия шудааст.
Нашрия бо такя ба иттилои КВД “Шаҳри ҳушманд”(Smart Sity)-и МИҲД-и шаҳри Душанбе навиштааст, ки тариқи ин барномаи электронӣ волидон имкон доранд аз ҳузури фарзанд дар дарсҳо, баҳои ҳаррӯзаи ӯ ва инчунин чорабиниҳо дар муассисаи таҳсилоти миёна ба сурати онлайн огаҳӣ пайдо кунанд.
Фараж – нигарони аз партовҳои сойи руди Тебалай
Ҳафтаномаи “Фараж” дар саҳфаи аввали худ аксе аз сойи руди Тебалай нашр карда, навиштааст “Доғи домони Кӯлобшаҳр”. Нашрия дар ин гузориши тасвирӣ, аксҳое аз сойи руди Тебалай, ки пур аз партов ҳастанд, чоп кардааст. Муаллиф дар ташреҳи ин аксҳо навиштааст, аксҳо худ гувоҳи он астанд, ки мутасаддиёни муҳтарами Кӯлоби бостонӣ аз лак-лак партову эҳтимоли бори дигар омадани сел парвое надоранд….
Нашрияи “Фараж” дар матлаби дигаре бо номи “Ноуҳдабароӣ дар Хатлон?” навиштааст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 10 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон натавонистаанд нақшаи қисми даромади буҷетро иҷро кунанд. Масъулини нозироти андози шаҳри Бохтару ноҳияҳои Панҷ ва Ҷомӣ ба ин нашрия гуфтаанд, ки яке аз сабабҳои асосии ин ҳолат сари вақт напардохтани андоз аз ҷониби такилот ва ширкатҳо аст.
Дар баробари ин ба иттилои Раёсати андози вилояти Хатлон, бақияи қарзи андоз дар ин вилоят наздики 192 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар матлабе пешниҳоди вакилони парлумон дар мавриди анҷоми никоҳи мусалмонӣ дар идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро баррасӣ кардааст. Нашрия менависад, ки ахиран бархе вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи тағйирот ба қонунҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва сабти давлатии асноди ҳолати шаҳвандиро пешниҳод кардаанд.
Тибқи ин тарҳ даъвати руҳониён барои анҷоми никоҳи мусалмонӣ ба манзили сокинон манъ шуда, домулло барои никоҳ ба идораи САҲШ даъват карда мешавад. Ҳадафи ин пешниҳод ҷилавгирӣ аз харҷи зиёдатӣ барои баргузории маросими никоҳи мусалмонӣ дар манзили шаҳрвандон унвон шудааст.
Ҳафтаномаи “СССР”
Ҳафтаномаи “СССР” дар мақолае бо номи “Тоҷик бояд чойхона созад!!!” навиштааст, айни замон фурсате фаро расидааст, ки дар Тоҷикистон чойхонаҳои суннатӣ дубора эҳё шаванд. Ба навиштаи муаллиф чойхона ва чойхонашинӣ як ҷузъи фарҳанги мардуми тоҷик аст, аз ин рӯ зарур аст чойхонаҳоро ба мардум баргардонем. Дар ин замина муаллиф ва шуҳрати чойхонаи “Роҳат” миёни сокинон ва меҳмонони пойтахт дар замони шуравӣ, ишора кардааст.
Аҳмадов. З