Баҳодур Шерализода: Дарахтону буттаҳо танҳо бо тавсияи олимону мутахассисони соҳа аз хориҷ оварда мешаванд

Ҳамасола дар баҳору тирамоҳ дар кишвар маъракаҳои ниҳолшинонӣ сурат гирифта, ниҳолҳои зиёде дар миқёси ҷумҳурӣ шинонида мешавад. Аммо то куҷо ин маъракаҳо натиҷаоваранд? Сабзиши ниҳолу буттаҳо дар кадом сатҳ қарор дорад? Ниҳолҳое, ки аз берун оварда мешаванд то чӣ ҳадд ба иқлими Тоҷикистон мувофиқанд? Барои посух ба ин саволҳо ва дигар масоили марбута муҳити зист хабарнигорони радиои “Тоҷикистон”,  Машраби Холмаҳаммад ва Саъдӣ Ғоибов бо Раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳодур Шерализода сӯҳбат оростанд. Муҳтавои он пешкаши хонандагон карда мешавад.  

Чанд рӯз пеш  раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба мавсими  ниҳолшинонӣ дар пойтахт расман ҳусни оғоз бахшид. Дар робита ба ин  дар соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар бояд чӣ миқдор ниҳол шинонда шавад?

Масъалаи мазкур таҳти назорати доимии Пешвои муаззами миллат қарор дорад ва дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар ш.Душанбе корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Вобаста ба оғоз гардидани мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди пойтахт қарори раиси шаҳри Душанбе аз 31.08.2020, №437 ба тасвиб расидааст, ки то имрўз ба миқдори 5756 адад дарахт шинонида шудааст, ки аз онҳо ороишӣ-5335 адад, сояафкан 258-адад, буттагӣ 74-адад, мевадиҳанда 79-адад ва гулу буттаҳо 11205 адад мебошанд. Инчунин дар миқёси ҷумҳурӣ вобаста ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ ба ҳолати 25.11.2020 ба миқдори 345951 адад ниҳол шинонида шудааст ва ин кор дар миқёси ҷумҳурӣ идома дорад.

Ҳамасола маъракаи ниҳолшинонӣ  ба як маъракаи сартосарӣ табдил меёбад. Аз ниҳолҳои шинондашуда дар мавсими гузашта чӣ миқдор сабзиш ёфта ва чӣ миқдор хушк шуданд?

Тибқи маълумотҳои ҷойдошта дар рафти маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии мавсими тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба миқдори 1.413.166 адад ниҳоли ҳамешасабзи ороишӣ ба нақша гирифта шуда буд. Ба ҳолати 12.06.2020 ба миқдори 1.797.689 адад иниҳоли ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудааст, ки шумораи умумии ниҳолҳои дар ҳолати хуби сабзиш қарор дошта 1.470.273 бех, ки 76%-ро дар бар гирифта, шумораи ниҳолҳои хушкшуда 173.258 бех, ё 24%-ро ташкил медиҳад.

Вобаста ба   дарахтоне, ки аз хориҷи мамлакат ворид карда мешаванд, оё ба иқлими Тоҷикистон тобовар ҳастанд? Ин масъала қаблан омӯзиш мешавад? Зеро мушоҳида мешавад, ки  дар пойтахти кишвар  як миқдори он хушк шуда, боқӣ  хуб сабзиш наёфтанд?

Дар ҳақиқат тайи чанд соли охир аз хориҷи кишвар дарахтони нодири сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз ворид ва дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои ҳудуди шаҳр шинонида мешаванд.

Як нуқтаро бояд қайд намуд, ки дар тули се соли охир дарахтони аз хориҷи кишвар воридгардида танҳо бо тавсияи олимону мутахассисони соҳа вобаста ба мутобиқ буданашон ба иқлими шаҳри Душанбе ворид ва дар минтақаҳои гуногун шинонида мешаванд. Масалан, дар рафти маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии мавсими тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба миқдори 6444 бех дарахтони аз хориҷи кишвар воридшуда шинонида шудааст, ки дар рафти баҳисобгирии сабзиши онҳо 93,6 фоизи навниҳолҳо дар ҳолати хуби сабзиш қарордошта, ба ҳисоб гирифта шуданд.

 Имрӯз дар аксар манотиқи кишвар чанорҳое, ки  100 солаҳо  мавҷуд буданд, бераҳмона бурида мешаванд. Дар ин самт Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дастур гирифтааст?

Мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти муҳофизат ва истифодаи олами наботот ба хусус мақоми иҷозатдидаҳнда  оид ба истифодаи объектҳои олами набототу ҳайвонот ва ҷангал муайян шудааст, ки дар сурати пешниҳод гардидани дархост ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба гирифтани иҷозати буриши дарахтон, аз тарафи мутахассисон ҳолати дарахтон пурра мавриди омўзиш қарор додашуда, дар сурати хушк ё садамавӣ будани дарахтон иҷозати буриши онҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ дода мешавад.

Оё дар пойтахти  кишвар ва  дигар шаҳрҳо таҷҳизоте васл шудааст, ки олудагии ҳаворо муайян кунад. Дар ин самт чӣ чораҳо  ба нақша гирифта шудааст?

Дар  охири соли 2015 дар ш. Душанбе нуқтаи худкори мушоҳидаи сифати ҳавои атмосфера  аз тарафи Лоиҳаи дастгири ва рушди Агентии обуҳавошиносӣ «ФИН-ТАҶ» насб карда шуд. Инчунин  як санҷишгоҳи сайёри ҳавои атмосфера барои гузаронидани мониторинги ҳаво дар  шаҳрҳои саноатии кишвар фаъолият дорад.  Маълумотҳо аз санҷишгоҳи ҳавои атмосфера  дар Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентӣ  коркард шуда, оид ба сифати ҳавои пойтахт экобюлетенҳои ҳаррўза, даҳруза, моҳона омода карда шуда ба вазорату  кумитаҳои дахлдор пешниҳод мегардад.  Дар охири сол аз маълумотҳои бадастомада  Солномаҳои оид ба  сифати ҳавои атмосфера омода карда мешавад.  Ҳамарўза дар  сомонаи интернетии Агентӣ маълумоти сифати ҳавои атмосфераи кишвар ҷойгир мешавад. Дар доираи лоиҳаи Маркази минтақавии экологӣ ба нақша гирифта шудааст,ки 16 дидбонгоҳи сифати ҳаво дар шаҳрҳои саноатии кишвар дастрас карда шавад. Мувофиқи нақша 5 дидбонгоҳ дар шаҳри Душанбе,  ва шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Бустон, Хоруғ, Кулоб, Бустон, Спитамен, Сарбанд, Ёвон, Турсунзода дидбонгоҳо васл карда мешаванд, то ки маълумоти бештар ҷиҳати сифати ҳавои атмосфераи кишвар дастрас гардад.

Имрӯзҳо мо  мебинем, ки  дар шаҳри Душанбе сохтмони  иншоот, минҷумла хонаҳои истиқомати  зиёданд. Аммо нақлиёти вазнини боркаши ин сохтмонҳо ҳангоми ба  кӯчаву хиёбонҳо баромадан чархҳои худро тоза  намекунанд, ки ин ифлосиро  ба вуҷуд меорад. Дар ин самт Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  чӣ гуна назорат мебарад?

Дар ҳақиқат бо назардошта рушди соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе сохтмони хонаҳои баландошёнаи истиқомати солҳои охир зиёд гардидааст. Ифлоскунии роҳ мутобиқ ба моддаи 291 қисми 2 Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба салоҳияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва бозрасии давлатии автомобилӣ мебошад, вал е аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти ш.Душанбе низ ин масъала назорат мешавад.

Бо фарорасидани фасли тирамоҳ, дар  шаҳри Душанбе  баргҳои дарахтонро оташ мезананд, ки боиси ифлосии  муҳити зист мегардад. Дар ин самт чӣ гуна чораҳои  амалӣ андешида шуданд?

Бо фаро расидани фасли тирамоҳ ва резиши барги дарахтон аз ҷониби шахсони алоҳида ва сохторҳои коммуналӣ сўзонидани барги дарахтон ба мушоҳида мерасад. Вобаста ба ин аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз сўзиши баргу хазон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, сохторҳои коммуналӣ, маориф ва тандурустӣ огоҳинома дода шуда, ролики таблиғотӣ тариқи телевизиони “Душанбе” пахш мегардад, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Новобаста аз ин, дар давоми мавсими хазонрезии имсола барои роҳ додан ба камбудиҳо дар ин самт нисбати 148 нафар протокол тартиб дода шуда, парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда шуд.

Имрӯз  бемории  КОВИД-19 дар саросари ҷаҳон, минҷумла Тоҷикистонро фаро гирифта,  сафари  сайёҳони хориҷӣ  ба кишварамон коҳиш ёфт. Оё дар соли равон шикори  ҳайвоноти нодир аз ҷумлаи гӯсфанди кӯҳии Марко-Поло ба роҳ монда шуда буд?

Тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шикори ҳайвоноти нодир барои мавсими шикори соли 2020-2021 ба миқдори 130-сар ҳайвоноти гуногун аз он ҷумла, гўсфанди кўҳии Марко Поло 105-сар, Бўзи кўҳии пармашоҳ(морхўр) 13-сар, Гўсфанди кўҳии бухороӣ (уриал) 12-сар чун квота ҷудо карда шудааст, аммо бинобар сабаби бемории  КОВИД-19 шумораи сайёҳони хориҷӣ назар ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст, ки то имрўз барои шикори ҳайвоноти нодир гўсфанди кўҳии Марко Поло 15-сар, Бўзи кўҳии пармашоҳ(морхўр) 5-сар, Гўсфанди кўҳии бухороӣ (уриал) 2-сар ба сайёҳони хориҷӣ иҷозат дода шудааст.

Дар таркиби лампаҳои каммасраф, ки маҳлули симоб мавҷуд аст, дар сурати ба партовгоҳҳои маъмулӣ партофтани он, симоб ба ҳавою хок паҳн шуда, ба саломатии сокинон ва муҳити зист зиён мерасонад.  Дар ин маврид Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ корҳоро  ба сомон расонидааст?

Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» аз 03.03.2011, №97 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо 1765 адад нуқтаҳои қабули  лампаҳо  ташкил карда шудааст, ки он зери назорати Кумита  ва нозирон дар маҳал қарор доранд. Дар нӯҳ моҳи сипаригардида  аз тарафи нозирон дар вақти бурдани назорати давлатӣ оид ба иҷрои Қарори  мазкур барои қонуншиканиҳо нисбат ба 119 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ  протоколҳои маъмурӣ ба маблағи 19058 сомонӣ тартиб дода шуд ва аз 115 нафар маблағи 16408 сомонӣ рўёнида шуда, ҳамчунин барои ба аҳолӣ фаҳмонда додани моҳияти Қарори мазкур 89 маротиба дар телевизион ва радио 30 адад мақолаҳо дар рўзномаву маҷаллаҳо нашр гардидаанд. Кумита дар соли 2018 як таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада  тамғаи «ЭКОТРОМ-2» истеҳсоли  Федератсияи Росияро ба маблағи 220500 сомонӣ харидорӣ намуда, ба ҶСК «Чароғи» шаҳри Исфара  дода шуд. Масъалаи мазкур таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита қарор дорад.

Ташаккур барои суҳбат.

Суҳбати Машраби Холмаҳаммад, Саъдӣ Ғоибов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *