Дар ним сол беш аз 216 ҳазор навниҳоли дарахту буттаҳои ҳамешасабз шинонида шудааст

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», нақшаи амали он барои солҳои 2025-2027, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатии дахлдор тибқи нақшаи пешбинишуда дар соли ҷорӣ аз 2942 767 бех ниҳолҳои дарахтон барои шинонидан ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 15-уми майи соли ҷорӣ ба миқдори 3 090 264 бех ниҳолони дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст, ки 105%-и нақшаи ниҳолшинонии соли 2025-ро ташкил медиҳад, — зикр намуд раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ Баҳодур Шерализода зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки барои ташкили ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар маҷмуъ 62, 8 гектар қитъаҳои замин дар ҳудуди шахру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷудо ва ба мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маҳалҳо вобаста карда шудааст, ки ба миқдори 216 125 бex навниҳолони дарахту буттаҳои хамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда (каламча-кучат) шинонида шуда, инчунин ба миқдори 1818 килограмм тухмии дарахтон кишт карда шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ таъкид карда шуд ки дар доираи амалӣ намудани назорати давлатй 9279 ҳолати вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи мухити зист ошкор гардида, чораҳои дахлдор андешида шудаанд. Аз ҷумла, дар самтҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ 2 168 ҳолат, ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо 3 796 ҳолат, ҳифзи захираҳои об 1 521 ҳолат, хифзи ҳавои атмосфера 1 164 ҳолат, экспертизаи давлатии экологй 240 ҳолат ва дар низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониби нозирони давлатй 390 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардидааст.

Дар самти назорати ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз рӯи 8 нишондод дар 38 нуктаи муҳофизатӣ 218 ченкуниҳои инструментали гузаронида шуданд. Ҳамчунин, дар самти назорати таҳлилии таъсири партовҳо ба манбаъҳои обӣ дар 89 иншоот 162 намунаи партовҳо ва дар самти шӯршавии замин 58 намунаи хок ташхис шуд.

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ дар ҷумҳурй 1016 маротиба аксияи «Тозагии соҳил», 1389 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» ва 1201 маротиба Аксики «Тозагии шоҳроҳ» баргузор гардиданд.

Дар самти обуҳавошиносй айни ҳол 53 адад стансияҳои ҳавосанҷии мануалй ва 87 адад дидбонгоҳҳои обченкуи фаъол мебошанд. Дар ин давра 181 пешгўихои шабонарӯзӣ тартиб дода шуд, ки дурустии миёнаи онҳо 94,%-ро ташкил дод. Ҳамчунин, 490 ҳолати офатҳои табий ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 адад кам мебошад. Маълумот оид ба боришот то моҳи феврали соли 2025 ва захираҳои барф дар ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ таҳлил шуда, пешгўии обнокии дарёҳо барои давраи обёрӣ (апрел-сентябр) омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон пешниҳод гардид.

Ш. АҲМАД

радиои «Тоҷикистон»