Шоми дирӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Муғулистон консерти бошукӯҳи ҳунармандони ин давлат пешниҳоди тамошобинони тоҷик гардонида шуд.
Дар оғози маросим Матлубахон Сатториён вазири фарҳанги кишвар суханронӣ карда, иброз намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон имконият медиҳад, ки мардуми тоҷик бо таъриху фарҳанги кишвари Муғулистон аз наздик ошно шаванд.
Дар идома аз ҷониби ҳунармандони Муғулистон барномаи рангини консертӣ бо таронаю оҳанг ва рақсҳои миллии ин кишвар пешниҳод карда шуд.
Чинбатин Номин вазири фарҳанги Ҷумҳурии Муғулистон зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки дар баробари барномаи консертӣ мо намоиши аксҳои мавзеҳои сайёҳии кивари Муғулистонро ҳам ташкил кардем, ки мардуми тоҷик бо мавзеҳои сайёҳии мо низ ошно гарданд. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки:
Бояд гуфт, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳои фарҳангӣ барои густариши ҳамкориҳо, мубодилаи фарҳангӣ ва мустаҳкам гардидани сулҳу дӯстӣ миёни кишварҳои Тоҷикистону Муғулистон мусоидат мекунад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»