Сатҳи фарогирии аҳолӣ ба пахши телевизиони рақамӣ ва радиоҳои давлатӣ беҳтар мегардад

Барои фарогирии бештари аҳолии мамлакат ба пахши телевизиони рақамӣ ва радиоҳои давлатӣ, аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи наве пешниҳод карда шудааст, ки он солҳои 2026 — 2030-ро дар бар мегирад. Дар ин бора Носир Саидзода раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, ки айни ҳол лоиҳаи мазкур дар марҳилаи ҳамоҳангсозӣ бо вазорату идораҳо қарор дорад.

Ба таъкиди Носир Саидзода раиси Кумитаи телевизион ва радио ба ҳолати 16 — уми июни соли равон сатҳи фарогирии аҳолӣ ба пахши телевизиони рақамӣ 86%, радиои «Тоҷикистон» 90.64%, радиои «Овози тоҷик» 65.48%, радиои «Садои Душанбе» 75.58% ва радиои «Фарҳанг» 65.36% — ро ташкил медиҳад.

Савинози С.

радиои «Тоҷикистон»