Сатҳу сифати талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ дар ноҳияҳои Бӯстон, Зафаробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Тоҷикобод ва Лахш санҷида шуд

Зимни санҷиши фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Бӯстон ва Зафарободи вилояти Суғд, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Тоҷикобод ва Лахш оид ба ҳолатҳои риоя нашудани талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ зимни тадбиқи технологияҳои кадрӣ, нигоҳ доштани ҷойҳои кории холӣ, таҳия, тасдиқ  ва истифодаи дастурамали мансабӣ, риояи талаботҳои тахассусӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва пешбурди  парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ  ошкор карда шуд, чунин иттилоъ дода шуд, имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони ВАО- и дохил ва хориҷи кишвар.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки  санҷиши ҳолати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» нишон дод, ки аз ҷониби масъулини баъзе мақомоти давлвтии санҷидашуда курсҳои омӯзиши тибқи талаботи муқарраршуда роҳандозӣ нагардидааст. Аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ ва фармони мазкур ба шахсони масъул кумаки методӣ расонида шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба мақомоти давлатӣ санадҳои санҷишӣ ирсол карда шуд. Дар ҳамин асос, санадҳои санҷишӣ бо иштироки шахсони масъули Агентӣ дар мақомоти давлатии санҷидашуда мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, дар заминаи он нақшаи чорабиниҳои мақомоти давлатӣ қабул ва камбудиҳои ошкоршуда бартараф карда шуданд.