Шоми дирӯз дар назди шаршараи боғи «Нишон» Фестивали таомҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва намоиши ҳунарҳои ин кишвар баргузор гардид. Фестивали мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он намояндагони сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон таомҳои миллиашонро пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе намуданд.
Дар саҳни шаршара дар баробари таомҳо, инчунин барои болида сохтани табъи иштирокчиён сурудҳои покистонӣ пешниҳод гардид. Доктор Басс намоянда аз сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки Тоҷикистону Покистон бисёр умумиятҳои муштарак дорад, вале қисми зиёди шаҳрвандон инро намедонанд. Ба ин хотир Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои бештар шиносоӣ пайдо кардан бо фарҳангу одати якдигар, ин чорабиниро роҳандозӣ намояд.
Ҳамзамон дар фестивал як гӯшаи ороиши дастон бо ҳино ташкил шуд, ки алоқамандони ин ҳунарро ба ҳам овард. Доктор Себен Сикандар меҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Покистон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки мақсад аз ташкили чунин фестивал муаррифи таъомҳои миллии Покистон ба мардуми тоҷик мебошад ва ногуфта намонам, ки дар Тоҷикистон донишҷӯёни покистонӣ зиёд ҳастданд ва онҳо аллакай забони тоҷикиро медонанд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳо барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо таъриху фарҳанги якдигар ва мустаҳкам гардидани сулҳу дустӣ миёни кишварҳои Тоҷикистону Покистон мусоидат менамояд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»