Тавре қаблан иттилоъ додем, 12 июли соли равон зимни иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Номинатсияи ёдгориҳои Хуттали Қадим 11 адад ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои вилояти Хатлонро дар бар мегирад. Инҳо Дайри Буддоии Аҷинатеппа аз ноҳияи Вахш, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук ва Шаҳраки Манзаратепа аз ноҳияи Восеъ, Қалъаи Золи Зард ва Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин аз ноҳияи Данғара, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа) аз ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, Дайри Буддоии Хишттеппа аз ноҳияи Ховалинг, Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа ва Корвонсаройи Тоҳир аз ноҳияи Фархор мебошанд.
Солҳои охир бо дастгирӣ ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишварамон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид мегарданд. Аз ҷумла Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим 5-умин мавзеи Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Ба гуфтаи Савриддин Саидзода сардори Шуъбаи ҳифз ва исифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги кишвар, дар бозёфтҳо ва мероси фарҳангии Ёдгориҳои Хуттали Қадим санъати баланди меъморӣ, таҳаммулпазирии динӣ ва омезиши фарҳангҳо дидан мумкин аст, ки ин арзишҳо аҳамияти бурузги илмию таърихӣ ва ҷаҳониро доро мебошанд.
Бояд гуфт, ки раванди таҳияи наминатсияи “Хуттали Қадим” аз соли 2022 оғоз гардида, то соли 2025 идома кард. Ба таъкиди Савриддин Саидзода сардори Шуъбаи ҳифз ва исифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги кишвар, раванди таҳия кардани парвандаҳои наминатсионӣ якчанд марҳилаҳоро дар бар мегиранд ва ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим тавонист, ки тамоми марҳилаҳоро гузашта, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 3400 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки асарияти онҳо аҳамияти байналмилалӣ доранд. Тавре Савриддин Саидзода сардори Шуъбаи ҳифз ва исифодаи меъроси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги кишвар ба мо иттилоъ дод, айни замон аз ҷониби мақомоти даълдор парвандаи наминатсионии Фарғона — Сирдарё дар якҷоягӣ бо кишварҳои ҳамсоя таҳия гардида истодааст ва инчунин пешниҳоди парвандаҳои наминатсионии дигар мавзеҳои таърихию фарҳангии кишвар ба нақша гирифта шудаанд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»