13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати Маҷмааи муосири “Кайҳон”-и ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои нави тарабхонаро ифтитоҳ намуданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосир боз 20 сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардиданд.
Иншооти навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 1500 метри мураббаъ сохта шудааст.
Дар ошёнаи якуми бинои муосир ошхонаи замонавӣ бо 300 ҷойи нишаст фароҳам гардидааст. Инчунин бинои навбунёд дорои таҳхона барои нигоҳдории маҳсулот ва айвони калону барҳаво мебошад.
Хизматрасонӣ дар тарабхонаи Маҷмааи мазкур ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ки давоми 24 соат мизоҷон метавонанд аз он истифода намуда, истироҳати худро комил гардонанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятими кул ва шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом мулоқот намуданд.
Вохӯрии Роҳбари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модари худ бенасибшуда бозгӯ аз маариди таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон аз ҷониби Ҳукумати кишвар арзёбӣ мешавад.
Зимни мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити хуби таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо пайваста чораҳои зарурӣ, саривақтӣ ва муассир меандешад.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Пешвои миллат барои ятимон хони пурнозу неъмат ороста гардида, ҳамчунин, ба онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд. Туҳфаҳо аз сару либос ва лавозимоти дарсӣ, шириниҳо ва кумакҳои пулӣ иборат буд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бобати нигоҳубини хуби ятимон дастуру тавсияҳо дода, худи онҳоро ба омӯхтани дониш, касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бинои нави иншооти хизматрасонии техникии парвозҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида, он дар масоҳати умумии 936 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.
Маҷмааи хизматрасонии техникӣ барои хизматҳои заминии фурудгоҳӣ, аз ҷумла омодасозии ҳавопаймоҳо ба парвоз, қабулу раҳнамоии онҳо, корҳои садамавию наҷотдиҳӣ пешбинӣ шудааст.
Дар солҳои қаблӣ хадамоти мазкур дар биноҳои куҳнаву фарсуда, ки солҳои 60-70-уми асри гузашта сохта шуда буданд, анҷом дода мешуд.
Акнун бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ба як минтақаи азими стратегии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ табдил ёфта, аз ҷониби роҳбарияти он тамоми шароити хизмативу маишӣ барои кормандон муҳайё аст.
Бинои навбунёд дорои 32 ҳуҷраи хизматӣ ва 3 синфхона буда, дар ошёнаи якуми бинои навбунёд таваққуфгоҳ барои нигаҳдории беш аз 20 нақлиёт сохта шудааст.
Ҳадаф аз бунёди маҷмааи нави хизматрасонии техникии парвозҳо ин мутобиқ намудани инфрасохтори коргоҳ ба меъёру талаботи муосир ва баланд бардоштани сатҳу сифати кори воҳидҳои сохторӣ мебошад.
Дар шафати Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳо таваққуфгоҳ барои нақлиёт дар масоҳати умумии 864 метри мураббаъ бунёд гардидааст.