13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нави таълимӣ аз 6 ошёна, таҳхона, 12 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, хобгоҳ бо 176 ҷои хоб ва ошхона иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳа, омӯзгорон ва курсантонро барои истифодаи бамаврид аз имконияти фароҳамшуда ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ояндаи милитсия вазифадор намуданд.
Ҳудуди умумии муассиса 7 гектарро ташкил медиҳад ва майдони васеъ оянда барои бунёди иншооти варзишӣ ва сабзкорӣ пешбинӣ шудааст.
Қаблан бо сабаби нарасидани синфхонаҳо ва набудани шароит раванди таълим дар дигар муассиса сурат мегирифт. Ғамхории Ҳукумати кишвар ва бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки курсантон ва шунавандагони ин факултети Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шароити замонавӣ ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.
Бинои Факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд дар асоси лоиҳаи муосир бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ сохта шудааст. Бунёду навсозии иншооти гуногун ва мутобиқ ба талабот фароҳам овардани шароит ҷавононро ба таҳсили хуб ва хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат водор менамояд.
Дар саҳни муассиса мутобиқ ба талабот майдони сафороӣ ва гузаронидани чорабиниҳои тантанавӣ бунёд гардидааст.
Дар ҳамин ҷо намунаи тарҳи либосҳои низомӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои Летсейи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 500 хонанда ва хобгоҳ бо 260 ҷойи хоб муарифӣ карда шуд.
Муассисаи нави таълимӣ дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ бо 150 курсӣ, китобхона бо толори хониш, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои таҷрибаомӯзӣ ва дигар иншооти ёрирасон хоҳад буд.
Бинои хобгоҳ барои таълимгирандагон аз 3 ошёна иборат буда, дорои 85 ҳуҷра мебошад. Ҳамзамон дар ҳудуди хобгоҳ бунёди ошхона барои 240 кас, толор ва майдончаи варзишӣ пешбинӣ шудааст.