Қарзҳои хориҷии Тоҷикистон, таҷдиди сохтории бахши электроэнергетика дар кишвар, мушкилоти фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо ва афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳо аз ҷумлаи мавзухои мавриди таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии ҶТ “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 26 ноябр дар мақолае бо номи “Соҳибэътиборӣ. Самараи истиқлолият ва сиёсати хирадмандона” аз дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар замони соҳибистиқлол навиштааст.
Муаллиф менависад, Тоҷикистон дар тӯли 29 соли Истиқлоли давлатӣ тавонист, ки мавқеи сиёсии худро бо барқарор намудани муносибатҳои дуҷониба ва чандҷониба бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мустаҳкам намояд.
Ба таъкиди муаллиф, корсозиҳои хирадмандона ва дурандешонаи сиёсии Пешвои миллат дар ҷодаи дифоъ аз манфиатҳои кишвар ва эҷоди таносубу тавозуни оқилона миёни арзишу ормонҳои миллӣ ва ниёзҳои дунёи муосир, мӯҷиби афзудани эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар мақолаи дигаре бо номи “Пиряхҳо. Экспедитсияҳо чиро нишон медиҳанд?” аз натиҷаи кори дусолаи Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо гузориш додааст. Абдулҳамид Қаюмов, директори ин марказ ба нашрия гуфтааст, экспедитсияҳои анҷомдода собит намуданд, ки раванди гармшавии глобалӣ ба пиряхҳои Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст. Аз ҷумла ба гуфтаи Абдулҳамид Қаюмов омузишҳо нишон додаанд, ки бар асари раванди обшавӣ дар пиряхҳои Қарокӯл, сатҳи оби кӯл нисбат ба 60 соли пеш наздики 2 километр соҳилро забт карда аст.
Инчунин ҳангоми муқоисаи маълумотҳои «Феҳристи пиряхҳо» маълум шуд, ки дар намудани масоҳати байни пиряхҳо саҳлангорӣ ба назар раисда, ҳамчунин, масоҳати пиряхҳо дар «Феҳристи пиряхҳо» нисбат ба имрӯз камтар нишон дода шудаанд.
“Садои мардум” нашрияи Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар матлабе навиштааст, ки сохтмони як мактаб дар ноҳияи Ҷайҳун 13 сол боз идома дорад. Ба навиштаи муаллиф дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соли 2007 сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда оғоз гардида ва то ҳол ба анҷом нарасидааст. Арзиши умумии сохтмон зиёда аз 21 миллион сомониро дар бар мегирад.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Абдулвоҳид Саъдуллозода сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон сохтмони мактаби мазкур, тибқи нақша, бояд соли 2021 ба истифода дода шавад. Аммо сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Холмуҳаммад Одинаев гуфтааст, ки корҳои сохтмонӣ соли 2023 ба охир мерасанд. “Ба суханони кӣ бовар кунем?”– суол гузоштааст дар фарҷом муаллифи матлаб.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлабе аз қарзҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода аст. Ҳафтанома бо такя ба маълумоти Вазоарти молия навиштааст, ки ба ҳолати якуми октябри соли ҷорӣ қарзи давлатии ҶТ ба 3 миллиарду 700 миллион доллар баробар шудааст, ки он ба 43.3% ММД-и кишвар баробар аст.
Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар соли 2021 барои пардохти қарзи беруна ва фоизҳои он 2.3 миллард сомонӣ пардохт хоҳад кард. Тибқи иттилои ин нашрия 1 милларду 138 миллион доллар қарзи берунаи кишвар ба “Эксимбонк”-и Чин рост меояд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар мақолае аз фарогирии андаки кӯдакон ба кӯдакистонҳо дар ноҳияи Вахши Вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба навиштаи муаллифи ин мақола аз 19 ҳазору 520 кӯдаки сини аз 2 то 6 сола дар ноҳияи Вахш танҳо 1 ҳазору 359 кӯдак ба кӯдакистон ва марказҳои рушди кӯдакон ҷалб карда шудаанд, ки ин ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳад.
Абдулҳамид Пиронов сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш гуфтааст, ки яке аз сабабҳои чунин ҳолат иҷро нашудани “Барномаи сохтмони муассисаҳои томактаби хусусӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2018-2020” аст. Тибқи ин барнома мебоист дар ин муддат дар ноҳияи Вахш 15 муассисаи томактабии хусусӣ ва 5 мактаби миёнаи таҳсилоти миёна бунёд шавад, аммо то имрӯз ягон кӯдакистон ё мактаб сохта нашудааст.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлабе хабар додааст, ки дар Тоҷикистон газ ва бензинро аз коркарди партовҳо ба даст овардаанд. Ҳафтанома навиштааст, ки олимони Пажуҳишгоҳи илмӣ-саноатии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, технологияи коркарди партовҳои ангишт ва пластикро роҳандозӣ кардаанд.
Ардашер Шерзодов, корманди ҳамин Пажӯҳишгоҳ ба “Asia-Plus” гуфтааст, ки бо истифода аз ин технология аз 500 кг партови ангишт метавон 1250 метри мукааб газ, 20 литр бензин, 10 литр сӯхти дизелӣ, 350 кг кокс, 60 кг оҳан ва 150 кг нурӣ барои кишоварзӣ, ба даст овард. Ба гуфтаи вай барои роҳандозии як чунин коргоҳ 370 ҳазор сомонӣ зарур аст, ки давоми 9 моҳ хароҷоти худро мепушонад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”