Раванди омодагӣ ба нахустин Форуми байналмиллалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ, кибаргузории он рузхои 8-10 июли соли равон ба накша гирифтааст, кияк майдони фарох ва якплатформаи муҳими байналмиллалӣ барои баррасии дурнамои саноати нассоҷӣ, таҳкими занҷираҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди шаклҳои устувори ҳамкорӣ мегардад. Ин нукта имрӯз зимни Брифинг оид ба раванди омодагӣ ба Форуми байналмиллалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ, ки баргузории он рӯзҳои 8-10 июли соли равон ба нақша гирифта шудааст, таъкид градид.
Зимни Брифинг гуфта шуд, ки то имрӯз 40 давлати ҷаҳон иштироки худро дар ин ҳамоиши сатҳи баланд муаян намуданд. Ва барои иштирок дар ин Форум ҳайатҳои беш аз 50 кишвари ҷаҳон, даъват шуданд. Акмал Шарифзода сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияхои нави кишвар, аснои баромади хеш Форумро як майдони фаррох ҷиҳати таҳкими занчираҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили кластерҳои нассоҷӣ ва тавсеаи шарикии байналмиллалӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Инчунин қайд гадид, ки дар шароити саноатикунонии босуръат ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ рушди саноати насоҷҷӣ, ҳамчун ҳалқаи асосии ҳамгироии Тоҷикистон ба занҷираҳои ҷаҳонии арзиш ба як сатњи асосӣ табдил меёбад. Ва барои расидан ба ин ҳадаф дар ҳамоҳангӣ бояд бо шарикони рушд ҳамкории густурдаро ба роҳ монем ва ба ин васила мо метавонем дар ин соҳа муваффақ гардем.
Дар фароварди Брифинг тавзеҳ дода шуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, ин мусоидат ба рушди ҳамкориҳои байналмиллалӣ, баргузор кардани муколама байни давлатњо, соҳибкорию илм ва инчунин нишон додани имкониятҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази ояндадори истеҳсоли нассоҷӣ ва инноватсия мебошад.
О. Шарипова
радиои “Тоҷикистон”