Имрӯз дар Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид. Дар ин давр аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе 368 нафар довталаб аз руи панҷ наминатсия иштирок карда, истеъдод ва маҳорати худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд.
Сол то сол шумораи иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» зиёд мегардад, ки ин аз оммавӣ гардидани озмуни мазкур миёни наврасону ҷавонон дарак медиҳад. Аз ҷумла иштирокчиёни даври шаҳрии имсола нисбат ба соли гузашта 20 нафар зиёд аст. Саидраҳмон Неъматов корманди Раёсати фарҳанги МИҲД шаҳри Душанбе зимни суҳбат ба мо гуфт, ки имсол ҳам иштирокчиёни озмун бо таёрии хуб омадаанд ва рақабатҳои ҳунарӣ миёни онҳо ҷариён дорад.
Маврид ба зикр аст, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имсол барои баргузор кардани он 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид. Ин ҳолат иштирокчиёни озмунро ҳавасманд гардонидааст. Роҳила Зоирова хонандаи синфи 10 — уми Муассисаи давлатии мактаб – интернати миёнаи махсуси санъат ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ буда, дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз руи наминатсияи навозандагӣ иштирок намуд. Ӯ бо таёрии хуб ба озмун омада, умедвор аст, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбад.
Иштирокчии дигари Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз руи наминатсияи навозандагӣ Басона Озодбекова мебошад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки нисбат ба навозандагӣ шавқи беандоза дорад ва мехоҳад, ки дар оянда ҳамчун хунарманди касбӣ шинохта шавад.
Ёдовар мешавем, ки даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе то 25 июн давом мекунад. Бояд гуфт, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, баргузор мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»