“Ҷумҳурият”: Ваҳдат кафолати пойдорӣ ва пешрафти давлат аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ҳамоиши дуввуми “Осиёи марказӣ-Чин” дар Остона, тағйири шарту шароити созишнома дар бораи истифодаи неругоҳи барқии “Сангтуда-1” миёни Душанбе ва Маскав ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи 17 июн мақолае бо номи “Рӯзи ваҳдати миллӣ – кафолати пойдории давлат” чоп кардааст.

Муаллифи мақола Ҳабибулло Воҳидзода Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27-уми июн дар кишвари мо бо тантана ҷашн гирифта мешавад, муҳимтарин дастоварди таърихӣ ва оғози марҳалаи навин дар рушду такомули давлатдории тоҷикон мебошад.

Ба гуфтаи муаллиф, дар маҷмуъ, ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо дастоварди таърихӣ, балки мояи ифтихор, рамзи бақои давлат ва шарти рушди устувори ҷомеа мебошад. Таҷрибаи талхи солҳои навадум собит сохт, ки миллат танҳо замоне метавонад дар арсаи таърих поянда монад, ки дар асоси ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба манфиати умум барномарезӣ ва амал намояд.

Дар хулосаи мақола зикр мешавад, имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст, ҳифз ва тақвияти ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватанпарвар ва масъули ҷомеа мебошад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 июн бо нашри матлабе бар зарурати ҳифзи роҳҳои мошингард дар мавсими гармо таъкид мекунад. Муаллиф менависад, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, дар ҷаласаи назоратӣ, ки бо иштироки роҳбарони муассисаҳои дахлдори соҳа доир гардид, гуфт,  имрӯзҳо, ки ҳаво гарм шудааст, роҳсозонро мебояд ҳолати асфалтро назорат кунанд, то аз вайроншавии қабати болоии роҳ бар асари ҳарорати баланд пешгирӣ шавад.

Гуфта мешавад, ки вазири нақлиёт дар назди Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт вазифа гузошт, ки  назорати қатъии вазну андозаи воситаҳои нақлиётро ба роҳ монад, зеро феълан маҳдудиятҳои мавсимӣ барои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ амал мекунанд ва ҳаракати мошинҳои вазнин, ки зиёда аз 40 тонна борро интиқол медиҳанд, манъ аст.

Аз сӯи дигар Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳо вазифадор шуданд, ки ҳангоми мумфарш намудани роҳ мавод ва иловаҳо, аз ҷумла қири босифатро, истифода баранд, омехтаҳои асфалтеро, ки махсус барои истифода дар шароити гарм пешбинӣ шудаанд, интихоб кунанд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 16 июн хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон ба созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар заминаи  истифодаи неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» тағйирот ворид карда шуд.  Ҳадафи асосии тағйирот ба ин созишномаи байнидавлатӣ, ба эътидол овардани вазъи молиявии ҶСК «Барқи Тоҷик» аст.

Бар асоси ин тағйирот, давоми солҳои 2026-2034 қарзҳои баамаломадаи ҶСК «Барқи Тоҷик» дар назди ҶСК «Сангтӯда-1» ба маблағи ҳудуди 298 млн.  доллар аз эътибор соқит мешавад.

Инчунин давоми 8 соли оянда, яъне то 2032 ҶСК «Сангтӯда-1» нисбат ба ҶСК «Барқи Тоҷик» барои хариди барқ тарифҳои имтиёзнок татбиқ менамояд. Ҳамзамон, аз созишнома масъалаи аз ҷониби ҶСК «Сангтӯда-1» ба дохил ва хориҷи кишвар мустақиман фурӯхтани барқ хориҷ карда шуд.

Гуфта мешавад, ки татбиқи тарифҳои имтиёзнок аз соли 2025 оғоз гардида, дар соли якум тарифҳо 1,5 сент ва дар соли 2032 ба 2,2 сенти амрикоӣ баробар хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ тибқи таҳлилҳо, самаранокии молиявии натиҷаҳои музокирот ва муқаррароти протоколи мазкур дар солҳои 2025-2049 588 миллион долларӣ арзёбӣ шудааст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 18 июн дар сармақолаи худ натиҷаҳои  ҳамоиши дуюми “Осиёи марказӣ – Чин” дар Остонаро баррасӣ кардааст.

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ — Чин» иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ин ҳамоиш масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои минтақа ва Чин баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки дар доираи ин ҳамоиш мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон ва Чин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин сурат гирифта, миёни ду кишвар санадҳои нави ҳамкорӣ дар заминаи муколамаи стратегӣ, иқтисод, моликияти зеҳнӣ ва ҳуши маснуъӣ ба имзо расид.

Дар баробари ин дар фароварди ҳамоиш ба таври фосилавӣ Маркази ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Осиёи Марказӣ — Чин ифтитоҳ ёфт ва як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла Паймони ҳамсоягии абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ва Эъломияи Остона ба имзо расид. Ба хулосаи муаллиф, ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ — Чин» бо иштироки роҳбарони кишварҳои минтақа қадами муҳим дар рушди ҳамкории минтақавӣ, ба роҳ мондани равобити судманди иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ аст. Ин ҳамоиш замина барои ҳамкорӣ дар заминаҳои нави технология, энергетикаи сабз, логистика ва таҳкими сулҳу амният дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумоари худ ҳамчунин хабар дод, ки аз оғози мавсими шиноварӣ дар вилояти Хатлон 49 нафар ғарқ шуданд. Нашрия бо такя ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, менависад, ки давоми 5 моҳу 15 рӯзи соли 2025 дар ҳудуди вилояти Хатлон 48 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 49 нафар ба ҳалокат расидаанд.  Гуфта мешавад, ки дар ин миён 34 нафар кӯдакони аз 1 то 14 сола буданд.

Ба навиштаи муаллиф, дар мавсими шиноварӣ ҳар сол шоҳиди марги одамони зиёде мешавем, ки аксари онҳо бар асари беэҳтиётӣ ва надонистани оддитарин қоидаҳои шиноварӣ рух додаанд. Аз ин рӯ, ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя кард ва дар ҷойҳои манъшуда ба об набояд даромад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 19 июн бо нашри матлабе хабар дод, ки барои воридоти телефонҳои мобилӣ ва смартфонҳо боҷи гумрукӣ ситонида мешавад.

Зикр мешавад, ки аз 1-уми июни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон барои ворид намудани смартфон ва телефонҳои мобилӣ 20 эвро боҷи гумрукии воридотӣ ситонида мешавад. Дар ин хусус дар қарори ҳукумат 10-уми июни соли 2025 таҳти №346 зикр мешавад. Қаблан барои воидоти ин таҷҳизот ба Тоҷикистон боҷ ситонида намешуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон қоидаи бақайдгирии ҳатмии «IMEI»-кодҳои телефон ва планшетҳоро ҷорӣ шуда буд. Ворид намудани «IMEI»-кодҳо ба низоми давлатии идентификатсияи воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ аз 1-уми феврали соли 2023 оғоз шуда буд.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”