Вазорати кишоварзӣ: Рафти ҷамъоварии сабзавот бомаром идома дорад

То моҳи июни соли ҷорӣ дар кишвар дар  масоҳати 42640 гектар кишт гузаронида шуда, аз он масоҳати 11662 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳосили умумӣ 456660 тонна буда, ҳосилнокӣ 392 сентнерро ташкил медиҳад. Аз майдони ҷамъоваришуда пиёз 262103 тонна  карам 27151 тонна, помидор 29715 тонна, бодиринг 39276 тонна, сабзӣ 46372 тонна. Дар ин бора сомонаи вазорати кишоварзии мамлакат хабар додааст.

Ба иттилои масъулин то санаи 13-уми июни соли ҷорӣ дар кишвар 40225 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳамзамон, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 376335 тонна хӯроки дурушт ва 4620,0 тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст.