Баргузории конфронси илмӣ — амалӣ доир ба рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар МТС

«Рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ — омили муҳими ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», доир ба ин мавзӯъ имрӯз бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ — амалӣ баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатии марбут ба соҳа, инчунин олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахасисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок дошта, перомуни масъалаҳои арзёбии дастовардҳои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, нақш ва ҷойгоҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар раванди тадбиқи ҳадафҳои стратегӣ ибрози назар намуданд.

Инчунин дар рафти конфронс ширкаткунандагон ҳадафи баргузории чорабиниро муҳим арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки маҳаки асосии роҳандозии ин ҳамоиши сатҳи баланд пеш аз ҳама таҳлилу арзёбии вазъ, дастовардҳои ноилгардида ва дурнамои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фароварди чорабинӣ мутахасисону коршиносони соҳа вобаста ба мавзӯъҳои барассии мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта дар самти рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, монеаҳои маъмурию сунъӣ ва дигар маҳдудиятҳо дар таъмини рушди соҳибкорӣ, арзёбии сатҳи бархӯрдории соҳибкорон аз имтиёзу сабукиҳои ҷойдошт, таҳлили фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар кишвар ва дарёфти роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани он ва вобаста ба дигар масъалаҳои марбут ба соҳа табодули назар намуда, дар ин зимн маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа доштанд.