Имрӯз рақобатҳои даври дуюмичемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни бозигарони то 20-сола, ки аз 10-уми июн шурӯъ шуда, то 17-уми ҳамин моҳ идома мекунад оғоз мегардад.
Дарин бора аз Федератсияи футболи кишвар иттилоъ доданд. Дар даври дуюм дар гурӯҳи “А” Қирғизистон бо Афғонистон (сотаи 17:00 бо вақти Душанбе) ва дар гурӯҳи “В» Ӯзбекистон бо Туркманистон (соати 21:00) рақобат мекунанд. Ҳарду дидор ҳам дар Варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки дар даври 2-юм ҷавонони Тоҷикистон озод ҳастанд, чун дар ҳарду гурӯҳи мусобиқа 3 дастаи қарор доранд ва ҳар даста ду бозии анҷом медиҳад. Санаи 10-уми июн, дар даври якум бозигарони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Афғонистон рӯ ба рӯ шуда, бо шарофати голҳои Абдулло Иброҳимзода ва Зариф Зарифзода аз пеналтӣ бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз омада буданд. Ҳамакнун дар даври сеюм, рӯзи 14-уми июн футболбозони ҷавони кишвар бо Қирғизистон дидор анҷом медиҳанд ва бо ҳамин марҳилаи гурӯҳии мусобиқа ба охир мерасад.
Ёдовар мешвем, ки ғолибони гурӯҳ барои ҷои якум, дастаҳои мавқеи дуюм барои ҷои сеюм ва тимҳои мавқеи охир барои ҷои 5-ум дидор анҷом медиҳанд. Финали мусобиқа санаи 17-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисордоир гардида, соати 19:00 оғоз мегардад.
Рустам Зоирзода
радиои “Тоҷикистон”
Акс аз саҳифаи расмии ФФТ