Дар соли 2024 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои ИДМ 550 ҷинояти террористиву экстремистиро пешгирӣ кардаанд. Беш аз 5,5 ҳазор нафаре, ки дар содир кардани ҷинояти терористӣ даст доштанд, ошкор карда шуданд, — хабар додааст, агентии иттилоотии ТАСС бо истинод ба маълумоти директори Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия Александр Бортников.
Ба иттилои манбаъ, дар соли гузашта беш аз 1,5 ҳазор нафар бо гумони даст доштан ба амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ дастгир карда шуданд. Ҳамзамон, агентии иттилоотии Интерфакс хабар додааст, ки кор дар хати ҷустуҷӯи байнидавлатӣ бо истифода аз маълумоти Маркази зиддитеррористӣ сурат мегирад. Ин ба боздошти беш аз 900 террорист ва муайян кардани беш аз 800 нафаре, ки дар маблағгузории онҳо даст доранд, кӯмак кардааст.
Моҳи июни соли 2024 Кумитаи миллии зиддитеррористӣ (МАК) хабар дод, ки аз соли 2022 то ба имрӯз дар округи федералии марказии ин кишвар фаъолияти 32 ячейкаи террористҳои байналмилалӣ ҷилавгирӣ шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта дар Маскав нишасти раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва иктишофии кишварҳои ИДМ баргузор шуда буд. Дар он ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат намуда, масоили амниятӣ аз ҷумла тероризму эктремизм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар масоилро барассӣ намуданд.