Боришоти барфу борон дар Африқои Ҷанубӣ. 49 нафар ба ҳалокат расид

Дар Африқои Ҷанубӣ бар асари тӯфони сард ва боришоти борону барф 49 нафар, аз ҷумла шаш хонандаи мактаб ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора агентии иттилоотии Associated Press хабар медиҳад. Аз ҳама бештар музофоти Кейпи Шарқӣ зарар дид. Дар ин минтақа неруи барқ қатъ гардида, роҳу пулҳо хароб гардидааст. Иқлимшиносон яку якбора сард гардидани ҳаво ва сар задани боришоти борону барфро ба тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд. Дар робита ба ин вазъият Хадамоти метеорологии ин кишвар ҳушдори норинҷӣ эълон кардааст.