Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба эълони соли 2025 “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” конфронси байналмилалии “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими бехатарии ҳаёти мардуми сайёра” баргузор гардид.
Конфронс бо суханони ифтитоҳии директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова Зоир Ғафурӣ ва Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Азбаски конфронси байналмилалӣ буд маърӯзачиён аз гӯшаву канори ҷаҳон ба таври маҷозӣ дар он ширкат намуданд. Аз ҷумла профессори Коллеҷи Техаси ИМА Самариддин Афғонов, аз донишгоҳҳои Чин, Сингапур ва Малайзия низ олимон фикру андешаҳои худро дар мавриди ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва талошҳои ӯро дар бехатарии ҳаёти сокинон, рушди ҳамкориҳои давлатҳои ҷаҳон, нақши забономӯзӣ дар ин самт, дӯстии миллатҳо тавассути таҳсилот иброз доштанд.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”