Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода бо Вазири давлатии савдои хориҷии Қатар – Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Сайид ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергияи сабз ва барқароршаванда, саноати коркард, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маъдан, сайёҳӣ ва логистика ба мувофиқа расиданд. Ин масъала зимни мулоқоти вазирон баррасӣ шуд. Дар ин бора сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ Завқӣ Завқизода аз ҳамтои худ ҷиҳати татбиқи 14 лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва 3 лоиҳаҳои афзалиятноки хайриявӣ, бахусус сохтмони беморхонаи сироятӣ ва муассисаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона даъват ба амал овард.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”