Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15 то 20 октябр дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир мешавад.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, дар ҷашнвора меҳмон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо иштирок менамоянд. Дар доираи баргузории синамоҷашнвора рӯзҳои кинои Федератсияи Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»