Имсол дар таътили тобистона аз вилояти Хатлон 190 870 нафар кӯдакону хонандагон ба лагерҳо ва машғулиятҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.
Фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба лагерҳо ва машғулиятҳо тибқи қарори Раиси вилояти Хатлон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025» аз 14 апрели соли 2025 бо мақсади самарабахши истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон амалӣ мегардад.
Инчунин имсол 6180 нафар ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Тибқи қарор Раиси вилояти Хатлон, масъулини соҳа бояд ҳама намуди истироҳатгоҳҳоро танҳо дар асоси хулосаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор иҷозат дода, ифтитоҳ намоянд. Инчунин хӯроки гарм дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ тибқи қоида ва ба меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ таъмин карда шавад.
Истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишӣ-солимгардонӣ ва наздимактабӣ бо мутахассисон таъмин мегарданд. Барои пешниҳоди роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни вилоят, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашташон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.