Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» аз рӯи ду синну сол — қироати шеър байни наврасони то 14-сола ва аз 14-сола боло баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории озмун боло бурдани ҳисси худшиносии сокинон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар як фарди мамлакат, ҳифзи якпорчагии марзу бум, ваҳдати сартосарӣ, ифтихор аз Истиқлоли давлатӣ ва дарёфту ҳавасманд намудани истеъдодҳои наврасу ҷавон мебошад.
Иштирокчиёни озмун метавонанд бо истифода аз дастгоҳҳои муосири наворбардорӣ шеър ё таронаеро дар васфи Ватан замзама намуда, онро ирсол намоянд. Маводҳои ирсолнамудаи иштирокчиён дар гурӯҳи фейсбукӣ ва ютубии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷой дода мешавад.
Озмун аз 10 июн то 1 сентябр доир гардида, дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст мегардад.