Баргузории Форуми Тақвияти ҳамкориҳои фаромарзӣ барои устувории об ва муқовимат ба иқлим дар ҳавзаҳои вобаста ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе дар доираи Консепсияи сатҳи баланд оид ба ҳифзи пирияхҳо, Форуми Тақвияти ҳамкориҳои фаромарзӣ барои устувории об ва муқовимат ба иқлим дар ҳавзаҳои вобаста ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар форум муовини якуми вазири Энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Вазирони об ва энергетикаи Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, намояндагони СММ ва дигар ташкилоту созмонҳо, инчунин муҳаққиқону коршиносони соҳа иштирок намуда, мушкилоти вобаста об тағйирёбии иқлимро дар минтақа баррасӣ намуданд.

Дар доираи форум гуфта шуд, ки дарёҳои фаромиллию фаромарзӣ боиси ба вуҷуд омадани ҳавзаҳои ягонаи обӣ дар миқёси минтақа ва ҷаҳон гашта, муносибатҳои дипломатиро дар соҳаи об миёни кишварҳо ба вуҷуд меорад. Аз ҷумла хушкшавии баҳри Арал, ки манбаи асосии об барои зиндагии аҳолии соҳилаш ба ҳисоб меравад, тамоми кишварҳои ҷаҳонро водор менамояд, ки барои ҳалли он чораандешӣ намоянд. Тавре Ҷамшед Шоимзода муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар зимни суҳбат ба мо қайд намуд, Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об ва иқлим на танҳо нақши таъминкунандаи об, балки ташаббускори сиёсатҳои устувори минтақавӣ ва байналмилалиро мебозад. Ба гуфта ӯ Тоҷикистон бо доштани зиёда аз 60% манбаъҳои оби минтақа ва беш аз 13 000 пирях яке аз кишварҳои калидии таъмини устувории об дар минтақа ба шумор меравад.

Дар форум Нуржан Нуржигитов вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки кишварҳои поёноби дарёҳои фаромарзӣ ба монанди Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, норасоии захираҳои обӣ доранд. Дар баробари ин тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво барои мубориза ва пайдо кардани роҳҳои ҳали ин мушкилӣ, монеа эҷод мекунад. Бо назардошти ин, форуми имрӯза ҳамчун платформа ҷиҳати пешбурди ҳамоҳангсозии сиёсат, ҳалли инноватсионӣ барои баланд бардоштани устувории иқлим ва ҳамкориҳои фаромарзӣ барои ҳавзаҳои дарёҳои аз пирях вобастаи Осиёи Марказӣ хизмат мекунад.

Ораши Алоӣ устоди Донишгоҳи Иёлоти Калифорния андешаҳояшро доир ба тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва хатару мушкилоти он ба пирияхҳо ва муҳити зист чунин баён кард.

Ҳамчунин дар форум гуфта шуд, ки тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 700 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар шароити норасоии оби тоза зиндагӣ ба сар мебаранд. қайд гардид, ки солҳои охир оби дарёҳои фаромарзии Сир ва Ому, ки баҳри Аралро таъмин мекунанд, хеле кам ҷорӣ мешаванд. Ҳоло ҷоришавии оби ин дарёҳо ба баҳри Арал 86 фоиз кам шудааст. Ҳаҷми баҳр солҳои охир чор маротиба хурд, майдонаш ду баробар кам, сатҳаш бештар аз 15-16 метр паст шуда, соҳилаш то 80-100 километр қафо рафтааст, яъне тамоюл ба хушкидан овардааст. Мардуми соҳилҳои Арал, хусусан калонсолону кӯдакон гирифтори бемориҳои вазнин шуда истодаанд. Фоҷиаи баҳр ҷараёни обшавии пиряхҳои Осиёи Марказиро тезонида, барои мардуми минтақа воқеан ба мушкилот мубаддал мешавад. Агар ин раванд минбаъд низ давом ёбад, аз Арал ба маълумоти мутахассисон, ғайри биёбони намакин чизе боқӣ намемонад.

Дар форум ҷонибҳои манфиатдор таҷрибаи пешқадамро мубодила карда,  имкониятҳои сиёсат ва сармоягузориро меомӯзанд. Муколамаи илм ва сиёсатро барои таҳияи стратегияҳои муассири мутобиқшавӣ ба иқлим гузаронида, роҳҳои ҳалли ин мушкилиро пешниҳод мекунанд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»