Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

Имрӯз дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар Форум зиёда аз 100 нафар ҷавон аз Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат дар таҳияи роҳҳои амалишавандаи ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим иштирок намуданд. Форуми наврасон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим машғулияти омӯзишӣ ва сӯҳбатҳои интерактивиро дар бар гирифта, дар он ҷавонон бо сиёсатмадорон ба таври мустақим табодули андеша намуданд. Муовини сарвазири Љумњурии Тољикистон  Сулаймон  Зиёзода  зимни форуми мазкур иброз дошт, ки «Мо дарк мекунем, ки ҷавонон на танҳо ворисони фардо, балки шарикони фаъоли имрӯз ҳастанд, ки нерӯ, тафаккури навоварона ва хоҳиши воқеии тағйиротро меоранд. Ман бовар дорам, ки Форуми имрӯзаи кӯдакону ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо барои ҷавонон як минбари муҳими баррасии масъалаи муҳимтарини ҳифзи пиряхҳо мегардад”.Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода, дар рафти форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо, аввалин маротиба асарҳо бо технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ пешниҳод шуда, порчаҳои тахайюлии наврасону ҷавонон оид ба чи гуна қабул намудани буҳрони иқлим пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, оид ба ҳифзи пиряхҳо тавассути галереяи электронӣ саҳми кӯдаконро дар ҳифзи пиряхҳо тамошо намуданд.

Г. Ниёзова