Баргузории конфронси байналмиллалӣ таҳти унвони  «Таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми ҳамкориҳои С.5 +1 : чолишҳо ва дурнамо»

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки намояндагони ниҳодҳои илмӣ- тадқиқотии Осиёи Марказӣ ва коршиносони марказҳои зеҳнӣ ва мутахасисону муҳақиқони ватанӣ конфронси байналмиллалӣ таҳти унвони  «Таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми ҳамкориҳои С.5 +1 : чолишҳо ва дурнамо» баргузор гардид.

Конфронси мазкур, ки дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифт, иштирокчиён  ҳадаф аз роҳандозии  ин чорабиниро  пеш аз ҳама  дар муҳокимаи ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи қолабҳои С 5+1, таҳаввули ҷойгоҳи ОМ дар низоми муносибатҳои байналмиллалӣ, тамоюлҳои рушди робитаҳои гуногунҷанба дар минтақа ва баррасии масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақа арзёбӣ намуданд.

Конфронс дар ду бахш доир гардида,  дар бахши  аввал мутахасисони ватанию хориҷӣ аз ниҳодҳои илмӣ- тадқоқотӣ ва марказҳои зеҳнии кишварҳои минтақа  масъалаҳои

— » Нишасти С5 +1″- майдони амал барои ҳамкориҳои стратегӣ»;

» Қолаби С5+ 1 ҳамчун майдони пешбурди иқтисоди сабз: дурнамои ҳамкори бо Иттиҳоди Аврупо; — » Осиёи Маркпзӣ дар низоми манфиатҳои геополитикаи кишварҳои араб;  мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.  Инчунин дар бахши дуюми конфронс  масъалаи  » Тамоюли рушди минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони муосир: зарфият ва имкониятҳои истифоданашуда мавриди таҳлилу баррасии иштирокчиён  қарор гирифт.