Сарозер шудани мошини боркаш дар рӯди Панҷ

Рӯзи 17 майи соли 2025, соати 19:20 дақиқа дар шоҳроҳи автомобилгарди Хоруғ-Дарвоз, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванд, мавзеи Овчалии ноҳияи Дарвоз автомашинаи боркаши тамғаи Mercedes, ки аз ҷониби як сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе идора мешуд, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.

Дар ин хусус сомонаи КҲФ хабар дода, навиштааст, ки дар бораи ронанда маълумоти бештаре ҷуз ин нест, ки соҳиби ду фарзанд будааст.

Дар бораи сабаби садама ҳам мушаххасан чизе гуфа нашудаааст. Танҳо ин ки ронанда шояд ба иллати суръати баланди ҳаракат натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд.

Ба иттилои рӯзи 18-уми май тамоми рӯз наҷотдиҳандагони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода талош карданд мошин ва ронандаро пайдо кунанд, вале бенатиҷа будааст.

Ҷустуҷӯҳо субҳи имрӯз аз сар гирифта шуданд.