ҶАВОНОН — МУҲАРРИКИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон форуми бошукӯҳи соҳибкории ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон — муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» баргузор гардид. Ин чорабинии муҳими ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ҳузури васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои илмӣ ва ҷавонони фаъол доир шуд.

Дар форум раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии форум ташвиқ ва дастгирии соҳибкории ҷавонон, мубодилаи таҷриба, рушди ғояҳои нав ва таъмини замина барои амалишавии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар миёни ҷавонон буд.

Дар доираи чорабинӣ, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо медали «Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» сарфароз гардонида шуд, ки онро раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш шахсан супорид. Ин мукофот нишони қадрдонии хизматҳои арзандаи илмӣ, тарбиявӣ ва саҳми беназири ӯ дар рушди иқтидори зеҳнии насли ҷавон мебошад.

Форум бо муҳокимаҳои судманд, пешниҳоди лоиҳаҳои навоварона, мубодилаи таҷриба ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни ҷавонон ва соҳибкорон ҷамъбаст гардид. Чорабинӣ боиси болоравии руҳияи эҷодкорӣ ва ташаббускории ҷавонон дар соҳаи иқтисодиёти миллӣ шуд.

Муҷиддини САЙФИДДИН,
радиои «Тоҷикистон»