17.05.2025, ноҳияи Данғара
Ҳозирини гиромӣ!
Семинар – машварати имрӯза дар давраи ба анҷом расидани мавсими кишту кори баҳорӣ, ҷамъоварии маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ ва омодагӣ ба гузаронидани кишти такрорӣ баргузор мегардад.
Вазъият ва шароити замони муосир аз мо талаб мекунад, ки беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашем ва истифодаи самараноки тамоми имконияту иқтидорҳои мавҷудаи кишварро таъмин намоем.
Дар робита ба ин, мо тасмим гирифтем, ки имрӯз вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллиро мавриди таҳлил қарор дода, масъалаҳои марбут ба таъмини фаъолияти мунтазами онҳо, боло бурдани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи маданияти истифодаи замину об, инчунин, вазъи корҳои созандагиву ободонии кишварро баррасӣ ва чораҷӯйӣ намоем.
Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ 8,2 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи таваррум 1,8 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 110,6 фоиз иҷро гардида, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин карда шуд.
Вале нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар 5 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла Сангвор, Левакант, Ёвон, Панҷакент ва Ишкошим иҷро нагардидааст.
Аз ин ҳисоб ба буҷети давлат беш аз 90 миллион сомонӣ ворид нашудааст, ки нигаронкунанда мебошад.
Бинобар ин, ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода мешавад, ки ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, дарёфти манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ ва таъмин намудани самаранокии хароҷоти захираҳои молиявӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Тайи моҳҳои январ – апрели соли 2025 ба иқтисодиёти кишвар 15,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 фоиз зиёд мебошад.
Бо вуҷуди ин, ҳиссаи сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ чандон назаррас набуда, ҳамагӣ 812 миллион сомонӣ ё 5,5 фоизро ташкил додааст.
Ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин давра дар вилояти Хатлон ҳамагӣ ба 27 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63 фоиз коҳиш ёфтааст ва сармояи мустақими хориҷӣ дар вилоят умуман ба қайд гирифта нашудааст.
Чунин ҳолат дар дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар низ мушоҳида мегардад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва вазорату идораҳои марбутаро зарур аст, ки фаъолияти худро ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ куллан вусъат бахшанд.
Аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ 9,1 миллиард сомонӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 фоиз зиёд мебошад.
Вале ҳаҷми он барои рушди бемайлони соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳоло ҳам нокифоя мебошад.
Дар ин давра аз ҳаҷми умумии қарзи додашуда ҳамагӣ 14 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ ва 11 фоиз ба соҳаи саноат рост меояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда кофӣ нест.
Ҳамзамон бо ин, 49 фоизи қарзи додашуда дар кишвар ба истеъмолот рост меояд, ки ин низ бо ҳадафҳои пешбинигардида мутобиқат надорад.
Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, махсусан, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Қобили зикр аст, ки барои вусъат бахшидани раванди рушди устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуданд.
Дар робита ба ин, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои мухталиф талаби қатъии замони муосир буда, дар ин самт бояд тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 дар кишвар дар ҳаҷми 18,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,2 фоиз зиёд мебошад.
Аммо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби 1,9 баробар рушд кардани саноати истихроҷ таъмин гардида, суръати рушди саноати коркард ҳамагӣ 3,5 фоизро ташкил додааст.
Ба рушди соҳаи саноати коркард коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ таъсири манфӣ расонидааст.
Кам гардидани истеҳсоли нахи пахта (10,8 ҳазор тонна) ва газворҳои пахтагин (1,3 миллион метри мураббаъ) омили асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мебошад.
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав, вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ташкили маҷмааҳои нассоҷӣ дар кишвар ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа бо арзиши баланди иловашуда ва содироти он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ дар кишвар 121 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, аммо дар вилояти Хатлон – шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Носири Хусрав, Шамсиддини Шоҳин, Дӯстӣ, Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва дар вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истиқлол ягон корхона ё коргоҳи нав таъсис дода нашудааст, ки ин беамалии масъулини соҳаро нишон медиҳад.
Инчунин, дар ин давра дар кишвар 159 корхона аз фаъолияти истеҳсолӣ бозмондааст.
Дар давраи зикршуда дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар либоси мактабӣ истеҳсол нагардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад.
Камбудиҳои зикршуда сабаби сари вақт ва сифатнок иҷро нашудани барномаҳои рушди соҳаи саноат, бахусус, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар гардида истодаанд.
Зарур аст, ки камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа бартараф ва масъалаҳои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус, дар соҳаҳои коркард сари вақт ҳаллу фасл карда шаванд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки имкониятҳои истифоданашуда дар самти рушди саноат дар минтақаҳои кишвар, махсусан, саноати коркард дар вилояти Хатлон ниҳоят зиёданд ва ҷиҳати пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои пешқадам зарур мебошад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷрои супоришҳои қаблан додашударо оид ба рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми ватанӣ, инчунин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот ҳатман таъмин намоянд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро лозим аст, ки ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолии кишвар чораҳои иловагӣ андешанд.
Бо мақсади ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ дар кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат чораҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки ба масъалаи сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ аҳаммияти ҷиддӣ дода шавад.
Зеро талафоти неруи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он ҳанӯз зиёд аст.
Талафоти неруи барқ дар соли 2024 ба 4,5 миллиард киловатт – соат ё 20 фоиз ва дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба 1,3 миллиард киловатт – соат ё 20,5 фоиз баробар гардидааст, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Талафоти неруи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, бахусус, дар шаҳри ноҳияҳои Рӯдакӣ 69 фоиз, Ҳисор 51, Вахш 36, Данғара 35, Восеъ 34, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҳамадонӣ 33-фоизӣ, Ховалинг ва Кушониён 32, Шаҳринав 31, Левакант 30, Ваҳдат ва Фархор 29-фоизӣ, Ёвон ва Муъминобод 28-фоизӣ, Истаравшан ва Хуросон 27-фоизӣ, Панҷ ва Файзобод 26 фоизиро ташкил додааст, ки баландтарин дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Инчунин, ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ 83,5 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 89,9 фоиз иҷро гардидааст, ки қонеъкунанда нест.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз рӯйи арзонии неруи барқ дар қатори даҳгонаи аввали кишварҳои дунё қарор дорад.
Бо мақсади пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар низоми энергетикии мамлакат, ба роҳ мондани назорати ҷиддии истифодаи неруи барқ ва комилан аз байн бурдани талафоти ғайритехникии он Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти мамлакат таъсис дода шуда, дар қонунгузории кишвар барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятии мушаххас муқаррар карда шуд.
Вобаста ба ин, Агентии назорати давлатии энергетикӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Барқи Тоҷик», шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва дигар ширкатҳои соҳа, роҳбарону масъулони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа моҳияти муқаррароти нави қонунгузориро вобаста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба ҳар як оилаи кишвар ба таври васеъ ва мушаххас фаҳмонанд.
Дар баробари ин, фаъолиятро ҷиҳати самаранок истифода намудани неруи барқ, сарфаи он ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодагардида тақвият диҳанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Соли ҷорӣ буҳронҳои глобалию минтақавӣ шиддат гирифта, таъсири таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои истеҳсолу интиқоли маҳсулот, баҳсу низоъҳо вобаста ба ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукӣ байни давлатҳо, болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бахусус, нархи маҳсулоти ниёзи аввал, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим идома меёбанд.
Тибқи арзёбии коршиносон соли 2025 дар дунё соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо пешгӯйӣ шудааст.
Чунин омилҳо боиси мушкил шудани таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ гардида истодаанд.
Равандҳои мазкур ба кишвари мо низ бетаъсир нестанд ва мо бояд барои пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии онҳо ҳаматарафа омода бошем.
Мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҷиҳати кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоем.
Дар ин ҷода сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кулли шаҳрвандони мамлакат вазифадоранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, ҳусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман ба роҳ мондани кишти такрориро таъмин намоянд.
Инчунин, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи обёрӣ, ҳифзи зироатҳо аз касаливу ҳашароти зараррасон, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар ин самтҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки танҳо бо саъю талоши ҳар як сокини мамлакат ва дар навбати аввал, роҳбарону кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои худӣ мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ноил гардем.
Барои таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, аз ҷумла дар ҳар як оила, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва хароҷоти барзиёд ва риояи ҳатмии қоидаҳои сарфаю сариштакорӣ ҳар як роҳбар, шахси масъул ва ҳар як шаҳрванд бояд муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намояд.
Дар ин раванд, ба ташкили фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда, дарёфти сарчашмаҳои иловагии рушд ва дигар тадбирҳо бояд эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5,8 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст.
Ҳоло боз 8 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 3,9 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Ҳамзамон бо ин, барои рушди бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ 8 барномаи давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дорад, ки татбиқи саривақтии онҳо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулини соҳа мебошад.
Дар чор моҳи аввали соли 2025 дар кишвар ба маблағи 6 миллиарду 94 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 фоиз зиёд мебошад.
Вале нишондиҳандаи мазкур бо дарназардошти ҳадафҳои гузошташудаи стратегӣ ва имкониятҳои кишвар ҳанӯз кофӣ нест.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди таъмин гардидани рушди соҳа на ҳамаи шаҳру ноҳияҳо имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода кардаанд, ки ин боиси коҳишёбии истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ гардидааст.
Аз ҷумла истеҳсоли гӯшт ва тухми паранда дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар коҳиш ёфтааст.
Баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ аз истифодаи самараноки захираҳои замину об вобастагӣ дорад.
Қариб 60 фоизи заминҳои корами обӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, аз фаъолият бозмондани онҳо хеле ташвишовар мебошад.
Ҳоло дар кишвар 56 пойгоҳи обкашӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 18, Суғд 16 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 пойгоҳ фаъолият надорад, ки дар натиҷа беш аз 12 ҳазор гектар замини кишоварзӣ бе об мондааст.
Чунин вазъият аз роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Вазорати кишоварзӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешидани чораҳои фавриро тақозо менамояд.
Сохторҳои зикршуда вазифадор карда мешаванд, ки аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати мамлакат ҳисоботи мушаххас манзур намоянд.
Аз ҷониби дигар дар ноҳияҳои Дарвоз, Лахш, Ишкошим, Роштқалъа, Ҷайҳун, Қубодиён, Деваштич ва Шаҳристон амалисозии нақшаи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2022 – 2027 таъмин нагардидааст.
Бинобар ин, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои сари вақт амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ ва пешгирии ҳолатҳои шӯршавӣ, эрозия, зиёд шудани заминҳои партов, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани онҳо, инчунин, аз худ кардани заминҳои нав ва бо усули обёрии қатрагӣ зиёд намудани масоҳати заминҳои кишт тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Фаромӯш набояд кард, ки замин манбаи истеҳсоли маҳсулот, фаровонӣ, арзон шудани нархи маводи ғизоӣ, инчунин, ҷойи кор барои мардум мебошад.
Ҳарчанд ки ба ҳолати 12-уми май дар кишвар дар майдони 415 ҳазор гектар ё 94 фоизи дурнамо кишти баҳорӣ анҷом дода шудааст, вале иҷрои дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 73 фоиз ва сабзавот 91 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла кишти картошка дар вилояти Хатлон – ноҳияҳои Ховалинг 25 фоиз, Муъминобод 40, Шамсиддини Шоҳин 42, Балҷувон 66 ва Шаҳритус 90 фоизи дурнаморо ташкил додааст.
Кишти картошка дар вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 47 ва Истаравшан 82 фоизи нақшаи дурнаморо дар бар мегирад.
Чунин ҳолат дар аксари шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ба назар мерасад.
Иҷрои дурнамои кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои Файзобод 41 фоиз, Варзоб 50, Ҳисор 63, Турсунзода ва Шаҳринав 74-фоизӣ, Рӯдакӣ 78 ва Ваҳдат 91 фоизро ташкил додааст.
Инчунин, тибқи маълумоти фаврӣ дар масоҳати 181 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки 97 фоизи дурнамои пешбинигардида мебошад.
Дар ин давра қафомонии кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Зафаробод, Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва дар шаҳри Ваҳдат ба назар мерасад, ки такроршавии камбудии соли сипаригардида дар самти таъмини дурнамои кишт ва истеҳсоли пахта аз эҳтимол дур нест.
Ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо дар ин ҷода иҷрои супоришҳои аз ҷониби Роҳбари давлат додашуда доир ба рушди соҳаи пахтакорӣ ва коркарди минбаъдаи пахта то маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд қатъӣ таъмин карда шавад.
Ҳамзамон бо ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, хусусан, пахта, картошка ва ғалладонагиву лӯбиёгиҳо, кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо чораҳои зарурӣ андешида, рушди муназзами истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши содироти маҳсулотро таъмин намоянд.
Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пурра ба анҷом расонидани кишти баҳории зироатҳо, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва гирифтани 2 – 3 ҳосил тадбирҳои муассир андешида, масъалаи таъмин намудани хоҷагиҳоро бо тухмии аълосифати картошкаву сабзавот ва дигар намуди зироатҳо, инчунин, нуриҳои маъданӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона чораҷӯӣ карда, кишти такрорӣ бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ монда шавад.
Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии омор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки баҳисобгирии дурусти нишондиҳандаҳои соҳа ва эътимоднокии маълумоти омориро таъмин намоянд.
Пайдоиш ва паҳншавии ҳашароти зараррасон яке аз мушкилоти солҳои охир дар соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад.
Соли ҷорӣ ин ҳолат бештар дар заминҳои чарогоҳи ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Вахш ба қайд гирифта шудааст.
Чораҳое, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори Вазорати кишоварзӣ барои пешгирии пайдоиш ва паҳншавии ҳашарот андешида мешаванд, кифоя ва самаранок нестанд.
Дар баробари ин, заминистифодабарандагон ба масъалаи пешгирӣ кардани пайдоиши ҳашароти зараррасон бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд.
Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ, Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои тақвияти фаъолияти ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, инчунин, ҷалби бештари хоҷагиҳои кишоварзӣ ва истифодабарандагони чарогоҳҳо дар самти мубориза бо ҳашароти зараррасон ҳамаҷониба чораҷӯйӣ намоянд.
Инчунин, зарур аст, ки дар ин самт бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шавад.
Ҳарчанд дар кишвар барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ шароити мусоид мавҷуд аст, вале истеҳсол ва содироти асал ҳоло ҳам ба имкониятҳои мавҷуда мутобиқ нест.
Дар соли 2024-ум 4,8 ҳазор тонна асал истеҳсол гардида, нисбат ба соли қаблӣ танҳо 4 фоиз зиёд шудааст ва содироти он ҳамагӣ 2,3 тоннаро ташкил додааст.
Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 285 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ҳамагӣ 5,6 фоиз зиёд мебошад.
Хотиррасон месозам, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 20-уми июни соли 2023 вобаста ба зиёд намудани оилаи занбӯри асал ва содироти асал ба масъулини соҳа супоришҳои дахлдор дода шуда буд, ки иҷрои онҳо андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд.
Ҳарчанд ки дар кишвар бо мақсади дастгирии соҳаи пиллапарварӣ як қатор имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ шудаанд, аммо истеҳсоли пилла сол ба сол коҳиш ёфта, дар соли 2024 ҳамагӣ 362 тоннаро ташкил додааст, ки ба 50 фоизи нишондиҳандаи соли 2014 (735 тонна) баробар мебошад.
Дар баробари ин, иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2020 – 2024 аз ҷониби вазорату идораҳои масъул ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъмин нагардидаанд.
Солҳои охир талаботи аҳолии мамлакат ба либосҳои миллӣ ва матоъҳои дар кишвар истеҳсолшуда торафт зиёд шуда истодааст ва ин раванд саноатчиёну кишоварзони мамлакатро водор мекунад, ки ба зиёд намудани истеҳсоли ашёи хом ва коркарди пурраи он дар дохили мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба матоъ ва ресмони абрешими табиӣ, алалхусус, матои аз нахи табиӣ истеҳсолшуда торафт афзуда истодааст.
Дар ин замина, рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пилла метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, ба яке аз сарчашмаҳои хуби даромади оилавӣ табдил ёбад.
Бинобар ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва кишоварзӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои соҳа механизми ҳавасмандгардонии истеҳсоли пилла ва ба роҳ мондани тавлидоти молу маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашударо таҳия ва ҷорӣ намоянд.
Фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, зотпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва растанипарварӣ дигар масъалаи ташвишовар мебошад, ки ба соҳаи кишоварзӣ таъсири бевосита дорад.
Санҷишҳои прокурорӣ нишон медиҳанд, ки хоҷагиҳои мазкур дар асл ба парвариш ва истеҳсоли тухмӣ ё нигоҳубини чорвои зотӣ машғул нестанд.
Аз 128 хоҷагии тухмипарварӣ 14 хоҷагӣ тамоман фаъолият намекунад ва як қисми хоҷагиҳо фаъолияти ғайримақсаднок доранд.
Хоҷагиҳои зикршуда бо муассисаҳои илмӣ ва олимони соҳа ҳамкорӣ надоранд ва дорои қитъаҳои тухмипарварии ибтидоӣ ва парваришгоҳҳо нестанд, инчунин, заминаи моддиву техникии онҳо коста гардида, заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро ба дигар заминистифодабарандагон ба иҷора додаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар кишвар таъминоти хоҷагиҳо бо тухмии репродуксионии картошка ҳамагӣ 57 фоиз ва чигит 73 фоизро ташкил медиҳад ва гувоҳи дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардидани иҷрои Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ мебошад.
Соли 2024 ба кишвар беш аз 51 ҳазор тонна танҳо чигит ва картошкаи тухмӣ ба маблағи умумии 111 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Илова бар ин, аз 80 хоҷагии зотпарварӣ 19 хоҷагӣ ба парвариши чорвои зотӣ машғул нест ва хоҷагиҳои мазкур талаботи аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии кишварро бо чорвои хушзот барои такрористеҳсолкунӣ пурра қонеъ карда наметавонанд.
Тавре аз санҷишҳо бармеояд, дар фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ ва ниҳолпарварӣ камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла тақсимоти ғайриқонунии заминҳо барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, фурӯши биноҳо ва иншооти хоҷагиҳо, фурӯши чорвои зотӣ, азхудкунии маблағҳо ва пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғ ба назар мерасанд.
Ба Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро пурра бартараф карда, иҷрои нақшаву барномаҳои пешбинишударо таъмин созанд.
Зарур аст, ки фаъолияти дурусту самараноки хоҷагиҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва растанипарвариро ҳатман таъмин карда, вобастагии хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат аз тухмӣ, ниҳол, чорво ва парандаи хушзоти воридотӣ коҳиш дода шавад.
Сохтору мақомоти зикршуда вазифадор карда мешаванд, ки аз натиҷаи иҷрои супориши мазкур ба Ҳукумати мамлакат гузориш пешниҳод намоянд.
Дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 аз кишвар 46 ҳазор тонна меваю сабзавот ба маблағи 163 миллион сомонӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи ҳаҷм 15 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, содироти пиёз 2,6 ҳазор тонна ё 36 фоиз кам гардидааст.
Бори дигар таъкид менамоям, ки вилояти Хатлон иқтидори бузурги содироти меваю сабзавот, бахусус, меваю сабзавоти барвақтиро дорад, аммо истифодаи пурраи ин имкониятҳо ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст.
Зарур аст, ки корҳо оид ба бунёди ду маркази агрологистикии дар ноҳияҳои Данғара ва Ҷалолиддини Балхӣ банақшагирифташуда барои васеъ намудани иқтидори содиротӣ бояд тақвият дода шаванд.
Ҳамчунин, Агентии содирот, Хадамоти гумрук, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, бо таъсис додани ситоди корӣ фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Ҳозирини муҳтарам!
Ҳукумати мамлакат дар шароити кунунӣ ба сиёсати иҷтимоӣ афзалият дода, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф сол ба сол афзуда, аз 260 миллион сомонии соли 2005 то 10,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Яъне дар 20 соли охир маблағгузории соҳа 42 баробар зиёд гардидааст.
Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф 29 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст.
Ҳоло дар кишвар боз 11 лоиҳаи дигар ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Бо вуҷуди он ки дар доираи тадбирҳои амалигардида вазъи муассисаҳои таълимии кишвар мунтазам беҳтар шуда истодааст, як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дар сатҳи паст қарор доштани фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷалб нагардидани соҳибкорону сармоягузорон барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ҷой доранд.
Бинобар ин, дар Паёми Роҳбари давлат ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш дода шуд, ки дар давоми панҷ соли оянда дар ҳар маҳаллаи зиёда аз 100 оила дошта ҳатман як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд.
Тибқи нақша соли 2025 бояд 168 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода, то муҳлати муқарраршуда бунёди боз зиёда аз 800 чунин иншоот барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ таъмин карда шавад.
Инчунин, тибқи супориши дар Паёми Роҳбари давлат гузошташуда дар панҷ соли оянда дар кишвар бояд беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Тибқи нақша соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бояд 32 муассисаи томактабӣ, вилоятҳои Суғд 40, Хатлон 59 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 37 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Ҳоло дар кишвар сохтмони ҳамагӣ 78 чунин муассиса идома дорад, ки ба нишондиҳандаи пешбинишудаи соли ҷорӣ мутобиқ нест.
Ҳамзамон бо ин, дар кишвар масъалаҳои дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои 254 муассисаи таълимӣ ва таъмирталаб будани бинои 351 муассиса, дар се баст фаъолият намудани 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мондааст.
Ҳоло дар вилояти Хатлон бинои 66 муассисаи таҳсилоти умумӣ, вилояти Суғд 55, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 63 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Чунин ҳолат бояд боиси ташвиши ҷиддии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бошад.
Мавҷудияти чунин мушкилот дар ҳолест, ки мо ду маротиба – ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30 ва 35-солагии истиқлоли давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дастур дода будем, ки дар навбати аввал ба бунёду таъмир ва барқарорсозии иншооти соҳаи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, соҳаҳои маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шавад.
Дар кишвар норасоии шумораи омӯзгорон 3848 нафарро ташкил медиҳад, ки метавонад пурра аз ҳисоби ҳатмкунандагони равияи омӯзгории муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2025 ҳалли худро ёбад.
Соли 2025 дар назар аст, ки беш аз 13 ҳазор нафар донишҷӯён равияи омӯзгории муасиссаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро хатм намоянд.
Аз ин рӯ, роҳбарони Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷрои супоришҳоеро, ки аз Паёми Роҳбари давлат бармеоянд, сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Инчунин, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои мавҷуда, инчунин, барои бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Бо мақсади таъмини рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маорифи кишвар 1 консепсия, 3 стратегия ва 8 барнома қабул гардида, мавриди иҷро қарор доранд.
Таҳлил нишон медиҳад, ки вазъи иҷрои барномаҳои қабулгардида дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.
Аз ҷумла вазъи иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025 нишон медиҳад, ки аз маҷмуи озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннии харидоришуда ҳамагӣ 45,5 фоизи аёният ва таҷҳизот дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидааст, ки дар муқоиса бо маблағҳои зиёди дар ин самт харҷгардида нигаронкунанда мебошад.
Вазъи иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 – 2027 низ ташвишовар мебошад.
Тибқи талаботи барномаи мазкур дар солҳои 2022 – 2024 бояд 124 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи хусусӣ сохта мешуд.
Аммо дар ин давра 68 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 56 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ сохта шудааст, ки 40,6 фоизи иҷрои барномаи мазкурро ташкил медиҳад.
Иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 – 2025 низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташвишовар буда, иҷрои ҳадафҳое, ки бояд аз ҷониби онҳо амалӣ мегардид, ҳамагӣ 37 фоизро ташкил медиҳад.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ камбудиҳоро дар самти амалисозии барномаҳои соҳавӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф карда, ҷиҳати маблағгузории саривақтӣ ва таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳо чораҷӯйӣ намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар соҳаи тандурустӣ гарчанде ки сол то сол маблағгузории соҳа афзуда истодааст, аммо масъалаҳои ҳалталаб то ҳол ҷой доранд.
Дар миқёси кишвар 103 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ таъмирталаб буда, аз он 35 муассиса ба вилояти Хатлон, 27 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 26 ба вилояти Суғд ва 15 муассиса ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.
Чунин ҳолат андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар хусуси ба талаботи муосир ҷавобгӯ будани муассисаҳои тиббӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва таъмиру тармими иншооти тандурустӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда, камбудиҳои соҳаро то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бартараф намоянд.
Воҳидҳои кории холии табибон дар аввали соли 2025-ум 1752 ҷойро ташкил медиҳанд, ки ташвишовар мебошад.
Шумораи бештари воҳидҳои холии табибон ба вилояти Хатлон 598 ҷой, вилояти Суғд 445 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 342 ҷой рост меояд.
Соли ҷорӣ дар назар аст, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро 2900 нафар бо ихтисоси табиб хатм менамоянд ва аз ин ҳисоб масъалаи норасоии табибонро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пурра ҳал кардан мумкин аст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлонро зарур аст, ки ҷараёни татбиқи санадҳои барномавии соҳаро таъмин намуда, барои боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бартараф намудани норасоии табибон дар муассисаҳои тандурустӣ ва дигар камбудиҳои ҷойдошта фавран чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ба ҳолати 1-уми майи соли 2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар мамлакат аз 29 ҳазор иншооти банақшагирифташуда беш аз 20 ҳазору 200 иншоот бунёд гардидааст, ки 70 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Бо дарназардошти он, ки то ҷашн каме зиёдтар аз як сол вақт мондааст, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷрои нақшаи чорабиниҳо қонеъкунанда нест.
Аз ҷумла иҷрои нақша дар вилояти Хатлон – шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва Ёвон ҳамагӣ 50-фоизӣ, Шамсиддини Шоҳин 54, Ҷайҳун 55, Панҷ 57, Балҷувон 60, Норак 61 ва Шаҳритус 63 фоиз ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – ноҳияҳои Мурғоб 59 фоиз, Дарвоз 64, Ванҷ 66, Ишкошим 67 ва Роштқалъа 69 фоиз таъмин шудааст.
Иҷрои нақша дар вилояти Суғд – шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ 51 фоиз, Истиқлол 61, Гулистон ва Шаҳристон 66-фоизӣ, Панҷакент 67 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳисор 49 фоиз, Варзоб 50, Лахш 52, Роғун ва Ваҳдат 54-фоизӣ, Сангвор 55, Рӯдакӣ 57, Шаҳринав 62 ва Турсунзода 63 фоизро ташкил медиҳад.
Чунин ҳолати иҷрои нақшаи чорабиниҳо қонеъкунанда набуда, аз роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони сохторҳои марказии ба шаҳру ноҳияҳо вобасташуда масъулияти баланд ва тақвияти ҷиддии корҳоро талаб менамояд.
Хотирнишон месозам, ки маблағҳои зикршуда пурра аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии ноҳия мебошанд.
Ҳамзамон бо ин, бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар дар самти амалисозии корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ пешравиҳои назаррас дида мешаванд.
Аз ҷумла дар ноҳияи Данғара иҷрои нақша бо дарназардошти 460 иншооти иловагӣ таъмин гардида, дар доираи он 27 мактаб, 3 кӯдакистон, 2 беморхона, 4 маркази саломатӣ, 7 бунгоҳи тиббӣ, 3 таваллудхона, 18 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, 29 маркази хизматрасонӣ, 3 боғи фарҳангу фароғат ва 11 пул сохта, ба истифода дода шуда, 77 километр роҳҳо мумфарш ва 133 километр сангфарш карда шудаанд.
Ҳоло боз 60 иншооти дигар бунёд гардида истодааст, ки соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Маблағи то имрӯз барои ободиҳо сарфшуда 2,3 миллиард сомониро ташкил кардааст, ки 628 миллион сомонии он барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ хароҷот гардидааст.
Хотирнишон месозам, ки маблағҳои зикршуда пурра аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии ноҳия мебошанд.
Мувофиқи маълумот соли ҷорӣ 80 нафар сокинони ноҳияи Данғара барои адои маросими ҳаҷ номнавис шудаанд.
Аз ин шумора 40 нафари онҳо аз рафтан ба ҳаҷ даст кашида, маблағҳои ба ин мақсад пасандозкардаи худро ба корҳои хайри ободонии ноҳия сарф кардаанд, ки чунин иқдоми онҳо, бешубҳа, қобили таҳсин ва дастгирӣ мебошад.
Танҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Пушинг ва Корез бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша 5 мактаб барои 4800 хонанда, кӯдакистон, муассисаҳои тандурустӣ ва 7 корхонаи истеҳсолӣ сохта шудааст.
Вобаста ба ин, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ва вазорату идораҳое, ки масъули иҷрои корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд, супориш дода мешавад, ки таҷрибаи ҷамоатҳои деҳоти Пушинг ва Корезро омӯзанд ва барои иҷрои саривақтиву босифати нақшаҳои пешбинигардида истифода намоянд.
Дар ин раванд, ба риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмон ва санъати баланди меъморӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Муҳтарам роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ободиҳое, ки дирӯз дар ноҳияи Данғара ва деҳаҳои он дидед, таҷрибаи хуби ба корҳои созандагиву ободонӣ сафарбар намудани соҳибкорон ва аҳолӣ мебошад.
Дар робита ба амалисозии корҳои неку созандаи мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла соҳибкорону сокинони ноҳияи Данғара ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат бори дигар ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли сокинони Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.
Ҳамдиёрони азиз!
Чуноне ки шумо мушоҳида мекунед, амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ба рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон мусоидат карда, дар ояндаи наздик онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон беҳтар мегардад.
Вале хотирнишон менамоям, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як фарди бонангу номус вобаста мебошад.
Дар ин раванд, ҳамаи мо вазифадорем, ки мардумро барои таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии он роҳнамоӣ кунем.
Илова бар ин, ҳар яки мо бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон омода бошем.
Суннатҳои неки миллӣ ва хусусан сарфаю сариштакориро риоя намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоем.
Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки барои таъмин кардани ояндаи ободи давлат ва миллат мо бояд кадрҳои ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир – ихтироъкору навоварон, муҳандисон ва дигар кадрҳои соҳаҳои техникиву технологиро тарбия карда, ба камол расонем.
Мо бояд барои ободу зебо гардонидани Ватани азизамон – Тоҷикистон имрӯз нисбат ба дирӯз ва фардо нисбат ба имрӯз бештар заҳмат кашем ва дар хотир дошта бошем, ки сарзамини аҷдодии мо танҳо дар сурати сафарбар сохтани тамоми имконияту неруи ҳар як фарди ҷомеа ободу пешрафта ва давлатамон неруманду қавӣ мегардад.
Вобаста ба ин, бори дигар ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони сохторҳои марказӣ дар маҳалҳо таъкид менамоям, ки тамоми мардумро то ҷашни 35-солагӣ ба тозаву озодагӣ ва обод кардани ҳар як хонаву кошона, кӯчаву хиёбон ва майдону гулгашт то дурдасттарин деҳоти кишвар сафарбар намоянд.
Итминон дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон минбаъд низ бо ҳисси баланди хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.
Ҳамчунин, падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳли зиё ва фаъолон бояд ба тарбияи наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасоз диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Мо вазифадорем, ки ба онҳо барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароит муҳайё созем, моҳият ва аҳаммияти истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем, то фарзандони мо фирефтаи афкори таассубомезу тундрави динӣ нагардида, ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат ва огоҳу донишманд ба камол расида, дар оянда ба Ватан, давлат ва миллати худ содиқона хизмат кунанд.
Дар интиҳо ба кулли мардуми ватандӯсти кишвар, сокинони меҳмоннавозу сарбаланди вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам.
Саломат бошед!