“Садои мардум”: Ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбанд (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла дипломатияи муваффақи минтақаии Тоҷикистон, афзоиши қарзҳо аз пули барқ дар ВМКБ, таҳкими ҳамкориҳои мақомоти амниятии Душанбе ва Тошканд ва дигар мавзуҳои мубрам маводҳои хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 15 май мақоле бо номи “Дипломатияи муваффақ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар масири давлатдории навин” нашр кардааст.

Муаллифи матлаб зикр мекунад, ки бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ муносибат бо кишварҳои минтақа дар авлавият қарор дошт. Ба гуфтаи муаллиф таъсис ёфтани созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай то андозае ба рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар минтақа мусоидат намуда, дар таъмини амнияти минтақавӣ ва барҳам додани ҳамагуна таҳдидҳо мусоидат менамоянд. Дар ин замина муаллиф ба тағйироти куллӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояи Узбекистон ва Қирғизистон тайи солҳои охир ишора мекунад.

Ба хулосаи муаллиф, наздикшавии кишварҳо на танҳо масъалаҳои сиёсати хориҷии минтақавиро таҳким мебахшанд, балки барои рушди масъалаҳои дохилии кишварҳо мусоидат хоҳанд намуд. Зеро мардуми кишварҳои минтақа таърихан аз лиҳози иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ғайра ба ҳам наздиканд. Зикр кардан ба маврид аст, ки наздикшавии кишварҳои ҳамҷавори минтақа ба таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат менамояд, ки дастоварди беназири дипломатияи тоҷик бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Помир энерҷӣ”. Чаро дар зимистон тавлиди барқ коҳиш ёфт?” чоп кардааст. Муаллиф ба нақл аз муштариёни ширкати “Помир энерҷӣ” аз деҳоти дурдасти ВМКБ менависад, ки моҳҳои декабри соли 2024, январ-марти соли равон барқ бе эълони пешакӣ ва бештар аз ҳамасола қатъ мешуд ва имсол реҷаи нисбатан шадид ҷорӣ гардида буд.

Дар ҳамин ҳол Ҳабиб Чоршанбезода, мудири шуъбаи саноат, коммуникатсия ва энергетикаи дастгоҳи раиси ВМКБ дар суҳбат бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфтааст, ки зимистони соли равон бо сабаби сармои тӯлонӣ талабот ба барқ бесобиқа афзуд ва аз ин сабаб барои интиқоли неруи барқ ба муштариён реҷаи муайян ҷорӣ гардид.

Дар баробари ин дар ин мақола зикр мешавад, ки дар семоҳаи соли ҷорӣ неругоҳҳои хӯрди барқӣ обии деҳот ҳамагӣ 102 ҳазор кВт/соат барқ тавлид карданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24 дарсад кам мебошад.

Аз сӯи дигар ба навиштаи муаллиф, ба ҳолати аввали моҳи апрел дар ВМКБ қарздории корхонаҳои буҷетӣ аз пули барқ наздик ба 5 миллион ва ташкилотҳои тиҷоратӣ қариб 8 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нигаронкунанда аст.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 14 май хабар дод, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи охир худ “Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти амнияти давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон”-ро баррасӣ ва тасвиб карданд.

Фарҳод Камолзода муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин ҷаласаи парлумон гуфт, ки санади зикршуда имкон медиҳад, ки ҳамкориҳо бо Хадамоти амнияти давлатии Президенти Узбекистон дар самтҳои таъмини амнияти шахсони муҳофизатшаванда, омодасозии кадрҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон, мубодилаи таҷриба, табодули иттилооти фаврӣ, аз ҷумла дар бораи амалҳои тахрибкории тарҳрезишаванда нисбати ашхоси муҳофизатшаванда ва пешгирии чунин ҷиноятҳо ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, таҳким ёбанд.

Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 12 май хабар дод, ки Омина Холиқзода корманди «Пажўҳишгоҳи тибби бунёдӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар ду озмуни байналмилалӣ медали тилло гирифт.

Ба иттилои нашрия, «Тагетол» — доруи ихтироънамудаи Омина Холиқзода, ки қаблан дар ҳамоиши байналмилалии «Бонувони ихтироъкор» дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея сазовори медали тилло гардида буд, ин бор «Форуми 15-уми International Invention Fair thre Middio East»-ро фатҳ намуд. Форуми мазкур дар Кувайт миёни навофарони 66 давлати ҷаҳон доир гашт.

Ба гуфтаи Омина Холиқзода  дору ихтирокардааш бо номи «Тагетол» барои табобати ҷигар пешбинӣ шуда, роҳҳои талхагузарро пок намуда, ҳама гуна илтиҳобро низ пешгирӣ менамояд.

Вай афзудааст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои муолиҷаи сеяки бемориҳо истифодаи давоҳои аз рустаниҳои шифобахш омодашударо ба мақсад мувофиқ медонад ва «Тагетол» низ аз гиёҳ омода шудааст. Таъкид мешавад, ки тафовути «Тагетол» аз доруҳое, ки имрӯз дар соҳаи дорусозӣ мавҷуданд, маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад. Яъне он маводи синтетикӣ нест ва бозори ҷаҳонии истеҳсоли дору имрӯз ба чунин мавод эҳтиёҷи зиёд дорад.

Гуфта мешавад, ки доруи «Тагетол» дар асоси равғани атрии махмалаки майдагул, ки дар тамоми ҳудуди кишвар ҳамчун гули ороишӣ парвариш меёбад, истеҳсол шудааст.

Ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” дар шумораи рӯзи 14 май мақолае бо номи “Душанбе – мизбони конфронси байналмилалӣ” нашр кардааст. Муаллиф менависад, ки зарурати баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе дар заминаи воқеият бебозгаш ва нигаронкунандаи обшавии пиряхҳо шакл гирифт.

Ба гуфтаи муаллиф суръати ин раванд, ки арзёбиҳои СММ метавонад дар даҳсолаҳои наздик ҳаёт дар садҳо минтақаҳои ҷаҳонро таҳти хатар қарор диҳад, тақозо мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ чораҳои фаврӣ андешад.

Муаллиф меафзояд, имрӯз вақте ки инсоният дар остонаи буҳрони шадиди экологӣ қарор дорад, Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат ҳамчун намунаи садоқат ба масъулияти башарӣ пешсаф аст. Ба хулосаи муаллиф, конфронси сатҳи баланди пиряхҳо дар Душанбе на танҳо як руйдоди сиёсӣ, балки даъват ба тамоми инсоният мебошад – барои амал, барои ваҳдат, барои наҷоти табиат ва зиндагӣ.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 15 май масъалаи қатъи фаъолияти соҳибкорӣ дар шакли электрониро матраҳ кардааст. Нашрия менависад, ки ба ҳолати 1 апрели соли 2025, дар ҷумҳурӣ, аз ҷониби 5262 нафар соҳибкор дархостҳои электронӣ ворид гардида, баъди коркард ва бартараф намудани номутобиқатҳои ҷойдошта фаъолияти онҳо дар шакли электронӣ қатъ карда шуд.

Дар идома зикр мешавад, ки натиҷаи баррасии фаъолияти соҳибкорони дар асоси патент ва шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда нишон медиҳад, ки қатъи фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ дар шакли электронӣ ба беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва кам кардани омилҳои инсонӣ мусоидат намуда истодааст.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки натиҷаи омӯзиш ва таҳлили дар ин самт анҷомёфта нишон дод, ки дар баъзе ҳолатҳо гурӯҳе аз соҳибкорон аз ин имконият суистифода намуда, фаъолияти худро сохтакорона қатъ мекунанд.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”