Баргузории конфронси байналмилалӣ доир ба иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим

«Иқтисоди сабз дар шароити тағийрёбии иқлим: гузариш бо мақсади рушди устувор» доир ба ин мавзўъ имрӯз дар меҳмонхонаи  «Серена — Душанбе» бо ибтикори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси байналмиллалии илмию — амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс намояндагон аз Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва бахши соҳибкории кишвар ширкат намуданд.  Таъкид рафт, ки соли 2025, бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шудааст, ҳамчун дастоварди муҳими ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва мубориза ба тағирёбии иқлим мебошад.

Инчунин тавзеҳ дода шуд, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ хусусан дар самти таъмини рушди устувор ва иқтисоди сабз заминаи муҳими таҳкими нақши ҷумҳурӣ дар ҳалли масъалаҳои экологии ҷаҳон буда, дар ҳамин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди иқтисоди сабз ва мутобиқшавии бахшҳои иқтисодии кишвар бо тағийрёбии иқлим диққати махсус медиҳад.                                                 

Дар рафти конфронс аз ҷониби дигар иштирокчиён вобаста ба масъалахои рушди усувор, мутобиқшавии бахшҳои иқтисодӣ ва тағийрёбии иқлим, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи иқтисоди сабз, рушди энергияи барқароршавандаи сабз, коҳиши партовҳо ва идоракунии муҳити зист, дипломатияи сабз, баланд бардошани маърифати экологии ҷомеа ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷоми ҳамоиш изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои ин конфронс ба тақия ва тадбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ барои рушди устувор  ва иқтисоди сабз мусоидат хоҳад кард.

                                                                          Олуфта Шарипова,

                                                                     радиои «Тоҷикистон»