Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Нидерланд

14 майи соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Нико Схермерсро ба ҳузур пазируфтааст.

Тавре сомонаи ВКХ хабар медиҳад, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва ғайра, баррасӣ карданд.

Ҳамсуҳбатон ҳамчунин атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба вежа таҳдиду чолишҳои замони муосир аз қабили тағйирёбии иқлим ва паёмади онҳо, мубодилаи афкор намуданд.