Аз бархе наворҳои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки пеши назари бинанда ҳолатҳои ногувори дашному суханҳои қабеҳ ва ҳатто дастбагиребонии шогирдон бо муаллимонро ба намоиш мегузорад, хулоса кардан мумкин аст, ки вақтҳои охир дар ҷомеаи мо як навъ бархурди нодурусти баъзе хонандагон ва волидайни онҳо бо муаллимони мактабҳо ба вуҷуд омада, паст задани шаъну шарафи ин қишри зиёии ҷомеа аз ҷониби ин гуна афрод ба як амали маъмулӣ бадал шудан дорад. Ба гуфтаи баъзе корбарони огоҳи бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук, ки атрофи ин масъалаи нигаронкунанда баҳс кардаанд, қадр нашудани мақому манзалати муаллим аз тарафи ҷомеа, махсусан хонанда ва падару модари он паёмади зишт дошта, ба косташавии донишу фарҳанг ва ахлоқи сартосарӣ сабаб мегардад.
Яке аз авомили аслии ин падидаи номатлубро Нилуфар Аҳмадзода, яке аз истифодабарандагон дар он донистааст, ки ҷониби мақомот зимни муноқишаҳои миёни хонанда ва муаллим ба вуҷудмеомада аксар ҳолат аз якумӣ ҷонибдорӣ менамояд. «Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки аксари таҳқиқ ва пайгирии нодуруст бо муҷрим шуморидани муаллим хулоса ва хатм мегардад. Ин омил боиси камэътибории муаллимон дар назди бархе падару модарони хонандагон гардидааст» – илова намудааст ин муаллиф.
Яке аз иштирокдорони баҳси мадди назар бо исму насаби Гули Ҳисорӣ аз қавли як ҳамсояи омўзгори хеш мисол овардааст, ки ба гуфтаи ў зимни мушоҳида кардани бетартибӣ рафту ба сари хонандае дод занӣ, аз чанд ҷой бо ту дар тамос шуда, фишорат меоранд: яке бачаи милиса, дигаре писари прокурор, севвумӣ фарзанди корманди амният. Ҳатто баъзан маҷбур мешавӣ, ки узр бипурсӣ. Ин корбар афзудааст, ки дар гузашта дар ҳолатҳои мувоҷеҳ шудан ба танбеҳу гўшмоли муаллимон мабодо ба падару модарамон шикоят мекардем, баръакс мегуфтанд, агар бегуноҳ мебудӣ, мавриди сарзаниш қарор намегирифтӣ.
Аммо Умед Абдуллоев, як тан омўзгор ва иштирокчии ин баҳс эътироф намудааст, ки соҳиби эҳтироми хоса гардидан ба худи омўзгор вобаста аст. Мавсуф зимни иншои шарҳи худ афзудааст: Шукри Худованд, банда ҳамеша мавриди ҳурмату эҳтироми атрофиён, махсусан шогирдон ва волидайни онҳо қарор доштаму дорам. Аммо ин нуктаро қайд карданиям, ки асоси камэътибории муаллимон дар ҷомеа кам будани омўзгорони асил дар мактабҳо мебошад. Бештари кадрҳои курсиҳои муаллимиро бандкарда саводи кофии омўзгорӣ надоранд. Роҳҳои дурусти муносибат бо шогирдонро намедонанд.
Омилҳои дигар, ки объективиянд ва ба шаъну шарафи омўзгор латма ворид месозанд, дар ҳоле, ки аксари падару модарон имрўз зиндагии худро бо душворӣ пеш мебаранд, аз хонандагон тақозо намудани пули посбони мактаб, оби гарм, пули латта, пули театр, пули обуна, ва ниҳоятан маблаѓи китобҳое, ки ҳанўз 7 сол боз мавриди истифода қарор доранд, мебошад.
Ин андешаро Нилуфар Аҳмадзода тасдиқ намуда, гуфтааст: Дар воқеъ, ин масъалаҳо дар соҳа ҷой доранд, аммо мехоҳам ба ин муаммо рўшанӣ андозам: Ин ҳама бо супориши шуъбаҳои маориф сурат мегирад ва дар ин ҷой муаллим ҳеҷ таъсире надорад. Мутаасифона, волидони хонандагон инро дарк намекунанд ва инро кори худи муаллимон медонанд. Ин ҳатман ба косташавии обрўйи омўзгор оварда мерасонад.
Дар пайи ин ҳама радду бадали корбарон Ҷовидон Нур, яке аз мубоҳисон иброз доштааст, ки имрўз аксар вақт ба тарбияи насли худрсол аҳамияти ҷиддӣ намедиҳем. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки аксари устодону муаллимон дар раванди дарс аз рўзгори шахсӣ ва мушкилоти доштаашон гилагузорӣ мекунанд. Ин масъалаҳо ҳеҷ рабте ба мавзўи дарс надорад. Магар бо чунин шева мо метавонем шогирдони хубро тарбия ва ба камол расонем?
Дар ин замина бетаваҷҷуҳии волидайн ҳам нақш мебозад, иброз намудааст Нилуфари Бобомулло дар тақвияти гуфтаҳои Ҷовидон Нур. Ба қавли ин корбар тарбияи нахустинро кўдак танҳо аз падару модар мегирад. Мутаассифона, падару модарони мо имрўз кўдакони худро эрка тарбият мекунанд. Вақте инҳо мактабхон мешаванд, ҳатто омўзгор «рост шин!» гўяд, зуд ба падару модарашон ин хабарро расонда, ба сари муаллим меоранд. Агар ин афрод аз заҳмати яксоатаи муаллимон зимни дарсгузорӣ бархўрдор мебуданд, чунин рафторро нисбати онҳо раво намедиданд. Мутаассифона, бештари волидайн гумон мекунанд, ки омўзгорон бидуни заҳмат маош мегиранд.
Корбаре дар хотимаи баҳси мазкур хитоб ба Нилуфари Бобомулло гуфтааст: Дар замони Шуравӣ ҳам хонандагон аз шумори эркаҳо зиёд буданд, аммо ҳамкории муаллимону масъулони маориф бо волидон хеле зич буд. Ин муаллиф иброз намудааст, ки феълан дар маҷлисҳои падару модарон баъзе омўзгор ва директорон ба ҷои ҳалли мушкилоти мактаббача фақат аз пул ва ҷавобгарии волидон сухан мегўянд. Охир то кай бояд дар ин масъала волидонро гунаҳкор кард? Ман фикр мекунам, ки бояд талабу тақозо аз падару модарон нармтар бошад ва дар ин ҷода нақши муаллимон боризтар шуморида шавад, хулоса кардааст ин корбар.
Дилшоди Муҳаммад
радиои “Тоҷикистон”