Рӯзи Парчами давлатиро сокинони сарбаланди вилояти Суғд бо ҳисси баланди ватандорӣ ва арзгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ истиқбол мегиранд. Имрӯз аз ҷониби аҳолӣ бо дарки баланди ҳуввияти ватандӯстӣ яке аз муқаддасоти миллӣ парчами давлатӣ дар хонаҳо насб гардидааст, зеро арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиро онҳо аз вазифаҳои асосии хеш мешуморанд. Масалан дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд сокинон аҳамияти насби парчамро дар манзили зист яке аз роҳҳои дурурсти тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳидоят намудан ба ободкорӣ арзёбӣ мекунанд. Дар робита ба ин сокини кучаи Баҳром Фирӯзи шаҳри Хуҷанд Садриддин Абдурахимов, ки дар хонаи истиқоматияш парчами давлатиро овезон намудааст андешаҳояшро чунин баён намуд:
“Эҳтиром намудани парчами давлатӣ пеш аз ҳама эҳтироми давлат ва миллат мебошад. Парчаме, ки мо дар хонаамон насб намудаем тарбияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба Ватан аст. Мақасади парафшон намудани парчамро дар хонаам дар он арзёбӣ менамоям, ки фарзандон ва наберагон ба Ватани худ меҳру муҳаббат пайдо кунанд ва ояндаи худро обод созанд”.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди кишвари мо бо саъю талош дар роҳи ваҳдату ягонагӣ исбот намуданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони ватанпарасту озодандеши худ ҳастанд. Имрӯз дар кӯчаҳо, муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, ташкилот ва дар тамоми намуди марказҳои хизматрасонӣ парчами давлатӣ насб гардида аз эҳтироми аҳли бошандагони минтақа ба муқаддасоти миллӣ дарак медиҳад. Имрӯз на танҳо дар шаҳрҳо балки дар деҳахо метавон ин муҳаббати мардумро мушоҳида намуд. Сокини деҳаи Заркори ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Исроил Саидов яке аз ҷавони зиндадилу дустдори Ватан аст ва мехоҳад кудаконашро дар хамин роҳ тарбия намояд. Тавре номбурда илова кард:
“Дар хонаи мо парчам ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол насб карда шудааст. Мақсадамон он аст, ки фарзандонамон донанд, ки давлатамон соҳибистиқлол ва соҳиби парчами давлатӣ аст”.
Мардуми сарбаланди вилояти Суғд зери Парчами давлатии Тоҷикистон, ки рамзи озодиву истиқлол, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори халқи тоҷик аст, муттаҳид гардида, бо шукргузорӣ аз замони осоишта ва неъматҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъона саъю кӯшиш менамоянд.
Нуралӣ Давлат, Мастона Ҳасанова
Радиои “Тоҷикистон”