28-УМИ АПРЕЛ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ҳамасола 2,3 миллион нафар дар ҷои кор мефавтанд

Ҳамасола Рӯзи ҳифзи меҳнат ба як мавзуъ бахшида мешавад имсол он ба мавзуи “Равандҳои муосир ба бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат: нақши зеҳни сунъӣ (AI) ва рақамикунонӣ дар ҷойи кор” бахшида шудааст.

 Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии меҳнати СММ ҳамасола зиёда аз 2 миллион нафар бар асари ҷароҳат бардоштан дар ҷои кор мефавтанд. Вайрон кардани меъёрҳои бехатарии меҳнат ба иқтисоди ҷаҳонӣ дар як сол ба маблағи 4 триллион доллар зарар мерасонад. Барои кам кардани талафот, кишварҳо қоидаҳои бехатариро сахттар мекунанд ва технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъиро ҷорӣ мекунанд. Аз ҳама соҳаҳои хатарноктарин, ки 63 фоизи тамоми фалокатҳо ба онҳо рост меояд, ин саноат, кишоварзӣ, сохтмон, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва истеҳсолот мебошад.

Ба зикри директори генералии Созмони Байналмилалии Меҳнат Гай Райдер Ҳукуматҳо, корфармоён ва коргарон метавонанд барои коҳиш додани таъсири омилҳои хатарнок дар ҷои кор якҷоя кор кунанд. Ин хатарҳоро тавассути тағйир додани ташкили кор ва истифодаи таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ коҳиш додан мумкин аст. Таъмини саломатӣ ва бехатарии коргарон, инчунин таъмини ҳифзи ҳар як коргар масъулияти коллективии соҳаҳои тандурустӣ ва меҳнат мебошад.