Ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо ICBC ва RAMP тақвият меёбанд

Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ   Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар Вашингтон бо ҳайати Бонки саноатӣ ва тиҷоратии Чин (ICBC) мулоқот намуд, ки зимни он тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо бештар ба масъалаҳои хизматрасонии хазинадорӣ, идора намудани дороиҳо, имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратӣ, васеъ намудани амалиёт тавассути суратҳисобҳои муросилотӣ таваҷҷуҳ  зоҳир намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳорӣ инчунин бо директори Департаменти идоракунии дороиҳо, машварат ва идоракунии захираҳои хазинадории Бонки ҷаҳонӣ (RAMP) хонум Катаржина Зайдел-Куровск вохӯрд.

Ҷонибҳо оид ба нақши бонкҳои марказӣ дар идоракунии дороиҳо, сармоягузорӣ ба воситаҳои молиявии пардохтпазир ва баландсифат, диверсификатсияи захираҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси кормандон тавассути иштирок дар семинарҳо, барномаҳои таълимию таҷрибаомӯзӣ ва кумаки техникии машваратӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолият табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон  оид ба нақши бонкҳои марказӣ дар идоракунии дороиҳо, сармоягузорӣ ба воситаҳои молиявии пардохтпазир ва баландсифат, диверсификатсияи захираҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси кормандон тавассути иштирок дар семинарҳо, барномаҳои таълимию таҷрибаомӯзӣ ва кумаки техникии машваратӣ дар баланд бардоштани самаранокии фаъолият табодули назар намуданд.