Ҳафтаи ҷаҳонии футбол ба таври густарда доир мегардад

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) эълон намуд, ки аз 21 то 25 майи соли 2025 чорабиниҳои Ҳафтаи ҷаҳонии футбол ба таври густарда доир мегарданд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ҳафта ба Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май) бахшида мешавад, ки он тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид A/RES/78/281 таъсис ёфтааст.

Хотиррасон менамоем, ки маҳз бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида буд.