Имрӯз дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва арзёбии илмии равандҳои криосфера» баргузор гардид. Дар конференсия муҳаққиқон, коршиносони сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими вобаста ба ҳифз ва омӯзиши пиряхҳоро баррасӣ намуданд.
Дар оғози конференсия Илҳом Амонзода ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки тибқи гузоришҳои байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва амалисозии раванди таъсири тағйирёбии иқлим ба пирияхҳо, то охири садсолаи равон аз се як ҳиссаи пирияхҳои ҷаҳон эҳтимолан об шаванд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки давоми 50 соли охир аз шумораи умумии пирияхҳои Тоҷикистон 1000 ададашон об шуданд.
Дар идомаи конференсия Исфандиёр Шукурзода муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, қайд намуд, ки тақрибан 60 дар сади пирияхҳои минтақа дар Тоҷикистон ҷойгиранд аз ин хотир дар кишвар Маркази илми пирияхшиносӣ таъсис дода мешавад.
Дар конференсия ҳамзамон ҳолати кунунӣ ва дурнамои тадқиқоти криосферӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим, арзёбии илмии равандҳои криосфера ва таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, пешниҳоди тавсияҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи устувори захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, мониторинг ва таҳқиқоти илмии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории конференсияи мазкур муайянсозии мушкилоти глобалӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъсири он ба пиряхҳо ва криосфера дар минтақа мебошад. Дар анҷоми конференсия Эъломияи расмии конференсия қабул гардид, ки дар он тавсияҳо ва иқдомоти минбаъда барои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо баён гардиданд.
Сарвинози Саидвалӣ,
радиои «Тоҷикистон»