КҲФ: сар задани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки дар рӯзҳои 27-28 феврали соли ҷорӣ бинобар боришоти зиёд дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани зуҳуроти тарма боқи мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои эҳтиётӣ андешанд, аз сафарҳои дур ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд ва дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд.

КҲФ хотиррасон мекунад: дар сурати пайдо шудани ҳолатҳои хатарнок, шумо метавонед бо рақами 112 ё ба қисми навбатдор тавассути телефонҳо занг занед:

(+992) 93 880 28 19, 223 13 11.

Барномаи мобилии SOS, ки барои ҳама телефонҳои мобилӣ дастрас аст, ба шумо дар ҳолатҳои фавқулодда кӯмак мекунад.

Лутфан, ба худро ва наздикони худ ғамхорӣ намоед ва аз эҳтиёткорӣ фориғ нашавед!