Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар намоиш-фурӯши китоб баргузор менамояд.
Тавре Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, намоиш-фурӯши китоб 4 март, соати 10:00 дар назди вазорат доир мешавад.
Дӯстдорони китобҳои илмию бадеӣ ва таърихию соҳавӣ метавонанд аз ин намоиш китобҳои тозанашрро харидорӣ намоянд.
Ҳамчунин аз намоиш-фурӯши китоб маҷмуаи дастҷамъонаи шоирони тоҷик таҳти унвони «Авсофи модар», китоби «Дасти дуои модар»-и Лоиқ Шералӣ (чопи нав), «Чароғи дуо»-и Камол Насрулло ва маҷмуаи шеърҳои Давлат Сафар «Қанде, ки аз остини модар хӯрдам»-ро метавон дастрас намуд.