22.02.2025, шаҳри Душанбе
Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!
Фардо ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд, 32 сол пур мешавад.
Ҳамаи шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба муносибати ин санаи таърихӣ – ҷашни фарзандони далеру шуҷои Ватан самимона табрик мегӯям.
Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар муддати 32 соли сипаригардида ҳифзи истиқлолу озодии мамлакат, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро дар кишвар ҷавонмардона ва бо садоқат ба халқу Ватан таъмин карда истодаанд.
Дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва вазифаи пуршараф ба ҳисоб меравад.
Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ҳамчун миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободкору созанда шинохта шудаанд.
Вале дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати мо фарзандони далеру фидокори он, аз қабили Муқаннаъ, Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Восеъ ва ҳазорон нафари дигар барои ҳимояи сарзамини муқаддаси аҷдодӣ қаҳрамониву ҷоннисориҳо кардаанд ва ба наслҳои имрӯза аз худ намунаи ибрати ҷовидонӣ боқӣ гузоштаанд.
Аз рӯзҳои аввали эълон гардидани истиқлоли давлатӣ ва ташкили давлати соҳибихтиёри тоҷикон масъалаи таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди Ҳукумати мамлакат ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа қарор дошт.
Вале мушкилоти сахту сангини ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ, хусусан, мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иҷрои ин вазифа имконият надоданд.
Танҳо баъди иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ ва интихоб гардидани роҳбарияти нави сиёсии кишвар барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ ва гузоштани заминаҳои ҳуқуқии ба эътидол овардани вазъият нахустин иқдомот сурат гирифтанд.
Аз ҷумла 18-уми декабри соли 1992 бо имзои Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили аввалин сохторҳои Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз гардид ва Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун ниҳоди асосии ҳифзи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии мамлакат фаъолияти худро аз сифр оғоз карданд.
Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, инчунин, набудани афсарону мутахассисони касбӣ, мо ба ташкили ҷузъу томҳо, қисму воҳидҳои алоҳида ва бо техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин кардани онҳо шурӯъ намудем.
Борҳо гуфтаам ва ҳоло такроран хотирнишон месозам, ки дар кишвари тозаистиқлоли мо дар он рӯзҳо барои таъсис додани артиши касбӣ одитарин заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт.
Сарфи назар аз ҳамаи ин норасоиву мушкилот, 23-юми феврали соли 1993, яъне 32 сол қабл аз ин аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи навтаъсиси мамлакат бо ифтихор аз он гузаштанд.
Бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷиконро воқеан ба миён оварда буд, қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карданд.
Ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву матонати онҳо ҳимояи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии мамлакат, ба эътидол овардани вазъият, барқарорсозии сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи экстремистиву террористӣ таъмин гардид ва барои заҳмати созандаи мардуми кишвар шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Мо имрӯз ифтихор дорем, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст.
Ва қодир аст, ки якҷо бо дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бузургтарин неъмати зиндагии мардуми тоҷик – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи халқи Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя намояд.
Вазъи бисёр ноорому бесуботи ҳарбиву сиёсӣ, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, аз ҷумла шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани дунё, мусаллаҳшавии бошитоб ва «ҷанги сард» аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимӣ, сатҳи баланди маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси миллӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро талаб менамояд.
Инчунин, вусъати бесобиқа пайдо кардани фаъолияти ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифа ва масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро беш аз пеш муҳимму мубрам мегардонад.
Дар чунин шароит риояи бечунучарои талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, интизому тартибот ва таъмин намудани волоияти қонун дар тамоми ҷузъу томҳои низомӣ шарти асосии нерумандӣ ва муваффақияти Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.
Ҳамчунин, роҳбарият ва ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, ба масъалаҳои омодабошии доимӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва хизмат барои ҳайати шахсӣ эътибори бештар диҳанд.
Дар ин раванд, ба масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи афсарону сарбозон, азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла «зеҳни сунъӣ», инчунин, омодабошии захираҳои сафарбарӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Хотирнишон менамоям, ки дар шароити буҳронии ҷаҳони имрӯза ва торафт афзоиш ёфтани хатару таҳдидҳо ба амнияти ҷомеа ва давлат боз ҳам таҳким бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо мебошад.
Ҳукумати мамлакат бо ин мақсад аз тамоми захираву имкониятҳо истифода мекунад.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бояд ба иҷрои вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намоянд, ба савганди худ содиқ бошанд, Ватани хешро сидқан дӯст доранд ва фаромӯш насозанд, ки вазифаи ба дӯши онҳо гузошташуда, яъне ҳимояи Ватан, миллат ва давлат масъулият ва рисолати муқаддас мебошад.
Мардуми Тоҷикистон дар симои ҳар яки шумо – хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳофизони боэътимоди истиқлолу озодии Ватан, марзу буми сарзамини аҷдодӣ, сулҳу суботи мамлакат ва ҳомиёни ҳуқуқу манфиатҳои худро мебинанд.
Эътимоду умеди мардуми кишвар ҳар яки шумо – фарзандони содиқи Ватанро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, сатҳи касбият ва омодабошии худро мунтазам баланд бардоред, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошед.
Ман ба ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, иродаи мустаҳкам, ғайрату ҷасорат ва садоқати ҳар яки шумо ба давлат ва халқи Тоҷикистон эътимоди комил дорам.
Бори дигар, тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамаи шумо – фарзандони содиқи Ватанро, ки дар ин майдон саф оростаед, ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, рӯҳи матин ва иродаи қавӣ орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!