Шуруъ аз 15 январи соли равон ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Кӯлоб-Душанбе хатсайри нави ҳавоӣ фаъол менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» иттилоъ медиҳад.
Парвозҳо аз Душанбе ба Кӯлоб бо ҳавопаймои АН-28 ҳафтае се маротиба –сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе доир шуда, вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00 ва аз Кӯлоб соати 10:00 муқаррар гардидааст. Давомнокии парвоз дар масири Душанбе-Кӯлоб-Душанбе 30 дақиқа ва рафту бозгашт 1 соатро ташкил медиҳад. Нархи чипта барои як тараф 300 сомонӣ, барои ҳар ду тараф 600 сомонӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳоро фаъол намуд.